Мақолаҳо дар бораи устод Қаноат

Масъалаи таъсири шеъри русӣ ба ашъори Мӯъмин Қаноат ва адибони дигар ҳанӯз ба андозаи бояду шояд омӯхта нашудааст ва мо ҳам фақат ба баъзе ҷиҳати он дар мавриди таҳлили асарҳо ишораҳо мекунем. Мӯъмин Қаноат ёддошт медиҳад, ки адибони ба монанди Олжас Сулаймонов ва Чингиз Айтматов маро ба навиштани шеър ба забони русӣ ташвиқ менамуданд. Мегуфтанд, ки ту забони русиро хуб медонӣ ва шеъри русият якбора дар муҳити васеътаре интишор меёбад. Ин ду адиби қазоқ ва қирғиз, дар ҳақиқат, русинавис буданд ва асарҳояшонро ба ин забон менавиштанд, ҳамдиёрони қазоқӣ ва қирғизиашон баъд онҳоро ба забони қавми худ таҳвил медоданд. Мӯъмин Қаноат ин меҳрубонии ҳамқаламони шӯҳратмандашро қабул накард. Сабабашро худи шоир чунин шарҳ медиҳад, ки сохтори шеъри форсии тоҷикӣ дар тӯли зиёда аз 1100 сол ончунон такмил ёфта ва устувор гаштааст, ки каси дар пояҳои фарҳангии он истеҳком ёфта наметавонад аз ин мавқеъ назари номувофиқро иброз дошта бошад. Аз сӯи дигар, баъди аҳди Сомониён, касе аз форсизабонони нажодӣ сухани манзуми саросарии арабӣ нагуфта, ба истиснои баъзе ашъор, муламмаот ва амсоли он. Ба ин тариқ, Мӯъмин Қаноат роҳи шеъри русӣ навиштанро нагирифт..

     

                                        Мақолаҳо дар бораи устод Қаноат ин ҷост.

 
 
Барчаспҳо: