Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!
Нашр шуд 2020-02-29 14:17
Маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми шоир, нависанда, рӯзноманигори шинохта, узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2004), узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2015), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), мутахассиси пешбари Шуъбаи матбуоти даврии Китибхонаи миллии Тоҷикистон
Валиҷон Баёнӣ
андуҳгин буда, барояш аз Худованди бузург Фирдавси барин ва ба пайвандонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Манзили охирати ҳамкори арҷмандамон ободу нуронӣ бод!
Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!
Дар сўгвории шоир, ҳамкор ва бародари азизам
Валиҷон Баёнӣ
Чу нони шоириат эй бародар,
Яқин медонам аз чӯби қалам буд.
Дили саршори пур аз шоириат,
Ба сони Рудакӣ пур аз алам буд.
Даруни кулбае, бо ёди модар,
Худо гуфтию ҷонатро супурдӣ.
Гузаштӣ аз сари олам валекин,
Барои аҳли дил аммо намурдӣ.
Ҳамин сон шоирони рўи дунё,
Ба сонат муфлису танҳо гузаштанд.
Дар ин олам дар ин сайёраи хурд,
Валекин бо дили паҳно гузаштанд.
Ба ранҷуриву дарди беамонат,
Ватан гуфтию шеъратро сурудӣ,
Чу шоир бо дубайтию рубоӣ,
Дили ҳамаслаконатро рабудӣ.
Ба чашми аҳли дил, дар чашми моён,
Чу шоир бо китобҳоят айёнӣ
Агар рафтӣ аз ин олам ту барвақт,
Зи дида рафтаӣ бар дил Баёнӣ
Ҷалолиддин Нурзода,
Муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон