Ифтихорномаву унвонҳо дар остонаи Соли нави милодӣ

 

 Дар остонаи Соли нави милодӣ як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ барои ширкати фаъолонаашон дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” соҳиби Ифтихорномаҳо шуданд. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳудудан 100 нафар кормандонро шоистаи ифтихорномаҳо донист. Инҳо касоне буданд, ки рӯзҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи судҳи доноӣ...” хеле фаъол буданд. Ба меҳмонон хизмат расонданд, ба ширкаткунандагони озмун кумак карданд, онҳоро раҳнамоӣ намуданд.

 Ҳамзамон бо ин чор нафар  кормандони Китобхонаи миллӣ соҳиби унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуданд. Инҳо:

 Сафаров Искандар Раҷабович – Сардори Шуъбаи нигаҳдории китоб.

 Орембекова Мавзуна Шамсиддиновна – Сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.

 Дхонвалиева Гулбаҳор Мамадалиевна – Сармутаъассиси бахши таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо.

Каримова Сайёра Мирзомуддиновна – Сардори Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.

Ҳамкоронамонро ба ин муносибат самимона муборакбод мекунем!