Ин ду суол вақте сарамон чархид, ки матлаби зерро омода мекардем. Дар ҳақиқат, оё ҳама Рустам Дуллоевро мешиносанд? Тоҷике, ки ба номаш месазад ифтихор кард, ҳаммиллате, ки ҳам миллат ва ҳам ҳунари миллатро дар Аврупо муаррифӣ кардаву мекунад. Магар айб нест, ки ӯро нашиносем? Матлаби зер барои ҳамаи касонест, ки мехоҳанд дар бораи ин ҳунарманди пурдон ва ин тоҷики муваффақ маълумот ҳосил кунанд.
Дуллоев Рустам Назриевич 15 апрели соли 1961 дар деҳаи Даҳанаи ш. Кўлоб таваллуд шудааст. Сарояндаи опера (овозаш тенор). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005). Хатмкардаи Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, 1982) ва Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1987).
Солҳои 1987-1995 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Сипас таҳсили худро дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И. Чайковский, Академияи байналмилалии мусиқии шаҳри Анконо Озимои Италия идома додаст.
Муддате дар академияи Ла Скалаи шаҳри Милан ва шаҳри Ню-Йорк, дар назди Пласидо Доминго таҷрибаомўзӣ кардааст. Дар баробари сарояндагӣ Дулоев дар Донишгоҳи Алберти Канада ва кишварҳои дигар мастер-классҳо ташкил намудааст. Зиёда аз 20 суруду тарона ва романсу арияҳои иҷронамудаи Дулоев дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд.
Дулоев сарояндаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар Австрия, Дания, Олмон, Норвегия, Булғория, Фаронса, Британияи Кабир, Кипр консетрҳо додаст. Иҷрокунандаи нақшҳо (партияҳо)-и асосии лирикӣ: Герсог («Риголетто»), Алфред («Травиата»), Радами, Ленский («Евгений Онегин»), Герман («Моткаи карамашшоқ»), Рудолф («Богема»), Каварадоси («Тоска»), Манрико («Трубадур»), Ренато де Грие («Манон Леско»).
Дар театрҳои Италия нақшҳои зиёди асосиро иҷро карда дар чандин намоиши телевизионӣ (теле-шоу), аз ҷумла дар «Domenica In» (бузургтарин шабакаи телевизионии Италия) ширкат доштааст. Дар намоишҳои консертиву тадорукоти зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, дар Қароргоҳи ЮНЕСКО (Порис, 2005), Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2010 (ш. Шанхайи Чин), Рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ширкат намудааст.
Барномаҳои консертии Дулоев бештар аз арияҳои операҳои италиявии Ҷ. Верди ва Ҷ. Пуччини, инчунин суруду романҳои халқии италиявӣ, неаполитианӣ, тоҷикӣ ва русӣ иборатанд. Дулоев бо дирижёри италиявӣ Маэстро Тонини «Арияҳо аз операҳои италиявӣ» ва 2 трекро бо номи «Фалак-садои сарнавишт» барои бойгонии Китобхонаи Британияи Кабир дар сафҳаи СД сабт кардааст.. Дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоизаи Марио Ланс, (2007), Ҷоизаи сарояндагони опера дар Венетсия ва Ҷоизаи байналмилалии опера дар Палермо (2008) мебошад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 221.
Муаллиф: А. Ғафуров.
Дар бораи Рустам Дуллоев дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам мутолиа кунед:
Чу лахте лахти қудсӣ соз кардӣ…: Сўҳбати С. Абдуллоҳ бо овозхони опера Рустам Дуллоев // Адабиёт ва санъат. – 1995. – №1-2 (878)
Рустамро Аврупо мешиносад: Сўҳбати Ш. Адҳамзод бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи опера Рустам Дуллоев // Садои мардум. – 2007. – 4 октябр.
Фиғонӣ, С. Наъраи ҳайдарӣ: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, операсаро Рустам Дуллоев // Аноҳито. – 2014. – №1. – С. 28-30.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ