Парвоз ба ошёнаи дилҳо. Нодар Думбадзе
Аз таваллуди Нодар Думбадзе-нависандаи шуҳратёри гурҷӣ 91 сол ва аз маргаш 35 сол сипарӣ шудааст. Яке аз тавонотарин адибони даврони Шӯравии Гурҷистон буд. Дар сабки адабии Думбадзе гуфтори содаи маҳаллӣ бо танзи зариф тавъам аст. Аз рўи тамоми романҳо, инчунин повести «Кукарача»-аш филм сохта шудааст. Аз ин рў, осори Думбадзе бо ин вижагиҳои хосса, бо барҷаста кардани характери миллӣ ва лиризми баланд, идеяҳои инсондўстона, ғояи олӣ ва маҳорати баланди бадеӣ дар саросари Иттиҳоди Шўравию хориҷ аз он машҳур гардида буданд. Асарҳои Думбадзе «Ман офтобро мебинам» (1973), «Натарс, модар!» (1984), «Кукарача» (1985), «Бақои одамият» (1986) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Соли 1978 адиби маъруф соҳиби ҷоизаи коргарони Норак шуда буд.
Думбадзе Нодар Владимирович нависандаи гурҷӣ 14 июли соли 1928 дар Тифлис таваллуд шудааст. Волидонаш соли 1937 маҳкум ба бадарға шуданд ва ў дар хонаи хешовандонаш тарбия ёфт. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тифлис (1950). То соли 1957 дар ҳамин донишгоҳ ёвар буд.
Баъд ходими адабии маҷаллаҳои «Сискари» (Субҳ) ва «Нианги» (Тимсоҳ; 1957-61). Котиб ва раиси Иттифқи нависандагони Гурҷистон (1973-81), аз соли 1981 котиби Иттифқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Фаъолияти эҷодии Думбадзе аз соли 1948 оғоз ёфта, нахустин шеърҳояш соли 1950 чоп шуданд. Баъдан се маҷмўаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ (1956-59), романҳои «Ман, бибӣ, Илико ва Илларион» (1960 аз рўи ин роман бо ҳаммуаллифии Г. Лордкипанидзе песа иншо ва филми бадеӣ сохта шуд) ва «Ман офтобро мебинам» (1962) Думбадзеро машҳур сохтанд. Ў дар ин ду асараш бо нигориши муътамаду муассир фоҷиаҳои рўзгори деҳкадаҳои Гурҷистонро дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба тасвир кашид. «Хуе», «Аҷинаҳо», «Лўлӣ», «Саг», «Модар», «Хоҳиш», «Паранда», «Қабристон», «Носипос», «Офтоб» аз беҳтарин ҳикояҳои нависанда шумурда мешаванд. Думбадзе романҳои «Шаби хуршедӣ» (1967), «Натарс модар!» (1971), «Парчамҳои сафед» (1973), «Бақои одамият» (1978), повести «Кукарача» (1984), шеърҳо, манзумаҳо, филмномаҳо, асарҳо барои кўдакон ва мақолаҳои публитсистӣ эҷод кардааст.
Дар сабки адабии Думбадзе гуфтори содаи маҳаллӣ бо танзи зариф тавъам аст. Аз рўи тамоми романҳо, инчунин повести «Кукарача»-аш филм сохта шудааст. Аз ин рў, осори Думбадзе бо ин вижагиҳои хосса, бо барҷаста кардани характери миллӣ ва лиризми баланд, идеяҳои инсондўстона, ғояи олӣ ва маҳорати баланди бадеӣ дар саросари Иттиҳоди Шўравию хориҷ аз он машҳур гардида буданд. Асарҳои Думбадзе «Ман офтобро мебинам» (1973), «Натарс, модар!» (1984), «Кукарача» (1985), «Бақои одамият» (1986) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Намоишномаҳои Думбадзе «Парчамҳои сафед» бо номи «Айбномаи охирин» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи ш. Кўлоб (1977 ва 1985) ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (1985), «Ман, бибӣ, Илико ва Илдарион» дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назаров шаҳри Хоруғ ба саҳна гузошта шудаанд.
Дорандаи Мукофоти давлатии ҶШС Гурҷистон ба номи Шота Руставели (1975), Мукофоти давлатии ИҶШС ба номи Ленин (1980) ва Ҷоизаи коргарони Норак (1978) буда, бо ордену медалҳои Гурҷистон ва ИҶШС сарфароз гардидааст. Намояндаи халқ (депутат) дар Шўрои Олии ИҶШС (1979-84).
14 сентябри соли 1984 дар Тифлис аз олам гузаштааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 225.
Муаллиф: К. Расулзода.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Нодар Думбадзе ва дар бораи ӯ ин матлаб қобили дарёфт аст:
Бақои одамият. – Душанбе: Ирфон, 1986
Ман бибиам, Илико ва Иларион. – Душанбе: Адиб, 1988. – 200 с.
Закон вечности: Белые флаги. – Москва: Кн. Палата, 1989. – 560 с.
Я вижу солнце: Роман. – Одеса: Маяк. – 1989. – 192 с.
Кукарача. – Душанбе: Адиб, 2004. – 80 с.
Нависанда дар сарҳад: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1968. – 15 март.
Ту хомўш бошу ман ҳам: Ҳикояи ҳаҷвӣ / Аз руси тарҷумаи Ў. Холиқов // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №3. – С. 16-17.
Думбадзе Нодар: Маълумоти мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи Гурҷистон // Садои Шарқ. – 1972. – С. 159.
Чанд сўҳбат бо Худо: Ҳикоя / Тарҷумаи Ш. Шараф // Садои Шарқ. – 1972. – №3. – С. 113-120.
Оши худоӣ: Ҳикоя / Тарҷумаи Ш. Шараф // Маориф ва маданият. – 1973. – 6 январ.
Ту ҳам хомўш бошу ман ҳам; Репетитсияи генералӣ: Ҳикояҳо / Тарҷумаи Ў. Холиқов // Шўълаҳои як саҳар. – Душанбе, 1974. – С. 118-126.
Қаравул: Ҳикоя / Тарҷумаи А. Баҳорӣ // Машъал. – 1980. – №12. – С. 4-5.
Посбон: Ҳикоя / Тарҷумаи А. Баҳорӣ // Галаситора. – Душанбе, 1981. – С. 142-145.
Республикаи ман тақдири ман аст: Мақолаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Гурҷистон, бахшида ба 60-солагии Гурҷистон // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 22 май.
Ҳеллодос: Ҳикоя / Тарҷумаи Партов // Газетаи муаллимон. – 1982. – 21 август.
Гулназар. Паёми Нодар Думбадзе // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 23 май.
Пайванд: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи К. Шарифов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 20-22 ноябр.
Абдураҳмонов, Б. Парвоз ба ошёнаи дилҳо: Ба истиқболи 60-солагии зодрўзи Нодар Думбадзе // Тоҷикистони советӣ. – 1988. – 17 июл.
Дидро: Ҳикоя / Аз русӣ тарҷумаи С. Зарафшонфар // Истиқбол. – 2016. – №7-9. – С. 65-73.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ