Китоби нави Зафар Сайидзода дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат
Нашр шуд 2019-12-09 12:29
Китоби нави Зафар Сайидзода “25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (солҳои 1992 – 2017): исторические аспекты становления и развития» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли ахир ҳикоят мекунад. Таҳлили олимонаву коршиносонаи муаллиф имкон медиҳад, ки ҷомеаи всеъи хонандагон: сиёсатшиносон, Дипломатҳо, пажӯҳишгарон, муаррихон, устодони макотиби олӣ, донишҷӯён аз он ба таври густардаву ҳамаҷониба истифода кунанд.
Монографияи мазкур 6 боб иборат буда, қадам ба қадам хонадаро бо фаъолиятҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, вижагиҳо раванди ташаккули сиёсати хориҷии кишвар, самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сиёсати хориҷии бисёрсамта, асосҳои мафҳумӣ ва механизми сиёсати хориҷӣ, авлавиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ, дипломатияи иқтисодӣ ва ғайра ошно месозад.
Зафар Сайидзода – дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих, муаллифи ҳудудан 60 китоб оид ба фалсафаи ҷомеа, таърихи наву навтарини кишварҳо, сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи Мушовири давлатии дараҷаи аввал дода шуд.
Дарёфти китоби “25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан...”
Маълумоти бештар дар бораи Зафар Сайидзода ва осори ӯ ИН ҶОСТ.