Дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ -КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи чунин сиёсати якҷониба мавқеъи забони тоҷикӣ дар ҷомеъаи тоҷикон коста гардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин амали мардум боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид.
Дар солҳои 80-уми асри 20 баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонхои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.
Дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде, баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Роҳбарияти коммунистии ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки оиди ин масъала чораҳо андешад.
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, тайи 20 сол ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешуд.
Аз сабабе, ки рӯзи 22 июл ба давраи таътили тобистонаи ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва рухсатии ахли маорифу фарҳанг, рост меомад, ки маҳз иштироки ин табақаҳои ҷомеъаро дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардонд, Рӯзи забон аз 22 июл ба 5 октябр кӯч дода шуд ва ҳамасола миллати тоҷик ин рўзро, яъне рўзи 5-уми октябрро ҳамчун иди забон ҷашн мегиранд.
Новобаста аз оне, ки таърихи иди забон ба дигар рўзу моҳ иваз кардид, миллати сарбаланди мо чун миллати худшиносу худогоҳ ин рўзро, 22 июлро ҳамчун рўзи забони тоҷикӣ медонанд ва ҳифз менамоянд.
Меҳрангез Наврўзшоева
Мутахассиси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ