Соате бо Зариф Ғулом
Нашр шуд 2019-07-11 08:24
Соате бо Зариф Ғулом
Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавзўъ «Дар суҳбати адиб» бо иштироки рўзноманигор ва нависанда Зариф Ғулом баргузор гардид.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов меҳмони маҳфил ва ҳамаи ширкаткунандагонро хайрамақдам гуфт. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар бораи Зариф Ғулом ҳарф зад, ӯро ба ҷамъомадагон шинос намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвию латифа, қиссаю ҳикояҳояш воқеӣ буда, дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз соли 1959 то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасанд.
Сипас, меҳмони маҳфил бо хонандагони осораш ҳамсуҳбат шуд, дар бораи худ, қадамҳои аввалинаш ба журналистика ва адабиёт нақл кард. Ба суолоти ширкаткунандагон, ки ҳамагӣ хонандагони наврас буданд, посух дод.
МУАРРИФИИ МО:
Солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судии кишвар фаъолият намудааст. Аз омўзиши ҳунар кайҳо гузашта, хабару мақола, очерку лавҳа, ҳаҷвию латифа, қиссаю ҳикояҳояш дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ аз соли 1959 то инҷониб ба забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ ба табъ расидааст. Мавсуф аз соли 1998-ум узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон ва аз соли 2000 –ум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Маҷмуаи қиссаву ҳикояҳояхояш бо номи «Парвоз» соли 1998, қиссаи «Ҳукми дил» -соли 2003, «Парвоз» -дар таҳрири нав – соли 2004, қиссаи «Даъвати хун»- соли 2005, қиссаи «Ҷодугар» -ро соли 2006 манзури хонандагон гардонида аст.
Нахустромани моҷароиаш «Бори каҷ – дар роҳи каҷ» аз тариқи нашриёти «Адиб» -соли 2011 аз чоп баромад. Қиссаи «Ҷодугар» дар таҳрир нав аз ҷониби нашриёти «Шарқи озод» ва қиссаи «Бўсаи аввалин» аз тариқи нашриёти ТҒД «Истиқбол» нашр гардидаанд.
Маҳсули эҷодиёташ аз тарафи мунаққидон А. Сайфуллоев, А. Сўфизода, М. Имомов, Усмон Назир, Р. Ёрмаҳмад, Амиршо Ёрмаҳмадов ва Н. Исҳоқӣ мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, асарҳояш бо забони ўзбекӣ, русӣ, немисӣ ва англисӣ ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ расидааст.
Шаҳноза Дониёрова,
Cармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.