Таърих як қисми хотираи халқ аст.Бо ҳама пастию баландиҳояш, бо ҳама хубу бадиҳояш, бо ҳама фардҳои ҷоҳилу оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабти қаламкашонаш боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихӣ хусусиятҳои худро дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳою халқҳо, ҳокимону қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд.
Тоҷик давлатҳои абарқудрату императорӣ (Ҳахоманишиёну Сомониён ), мустақилу дар иҳотаи давлатҳои абарқудрат (Тахористон, Суғд, Ғуриёну Тоҷикистони Шуравӣ) ва хурду тобеъ (Тоҳриён, Саффориён, Куртҳо, Сарбадорон ) дошт. Тоҷик инчунин, шоҳони одилу (Анушервони Одил, Исмоил ) қаҳрамонҳои беҳамто (Рустам, Исфандиёр, Спитамен, Муқаннаъ, Восеъ ), шаҳрҳои номӣ (Балх, Ҳирот, Нишопур, Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Хуҷанд) дошт. Ҳамаи ин номҳо саҳифаҳои дурахшону ҳузнангези халқи тоҷик буданд ва дониста мешаванд. Бо ҳамаи ин хонандаи мо шинос аст.
Китоби “Таърихи халқи тоҷик”, ки аз ҷониби Н.Ҳакимов навишта шудаву онро нашриёти “Маориф” соли 2017 чоп кардааст, хонандаро боз бо як саҳифаи ба қаъри таърих рафтаи халқи тоҷик–Тоҷикистони Шуравӣ, ки пур аз тазодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсонист шинос мекунад.
Китоб, ки солҳои 1917–1945–ро дар бар мегирад, давраи бениҳоят пурмоҷаро, ҳасос, печидагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тамаддунии халқи тоҷикро фаро гирифтааст.Хусусиятҳои хоси ин давраи таърихи халқи тоҷикро амали назарияи пролетарии имконияти сохтмони социализм дар мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ қафомонда ( ба мисли Тоҷикистони ибтидои асри ХХ ) ташкил медиҳад, яъне хонандагон дар синфи 8 ва 9 –иттилоъ пайдо карда буданд, ки тоҷикон аз асри ХIII сар карда, дар сари қудрат (давлат) набуданд. Дар ҳоле, ки бисёр халқҳои ҷаҳон дар Аврупо ва Осиё давлатҳои мутамаддин таъсис дода, иқтисодиёту фарҳанги онҳо аз тоҷикон ба садсолаҳо пеш рафта буд. То соли 1918 тоҷикон дар ҳайати ҳукуматҳои бегонапарасту ғосиб (Бухоро, Афғонистон, Русия) буданд. Сулолаҳои ҳукмрони ин давлатҳо турку (манғиту) афғонӣ (паштунӣ) буданд.
Ин китоб хонандаро ба равандҳои таъсисёбии давлатҳои миллии тоҷикон –РАСС Тоҷикистон, РСС Тоҷикистон ва Тоҷикистони солҳои 1917–1945 ва инчунин ба таърихи мухтасари онҳо ошно месозад. Аҷоиботи дигар дар он ки муаррихону сиёсатмадорони даврони шўравӣ, барои хизмати инқилобҳои солҳои 1917 ва 1920 –ро нишон додан бо овози баланд ҷор заданд, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлат мондан акнун дар даврони шуравӣ соҳибдавлат гардидаанд. Вале хомўш аз он ки ҳамеша забони давлатии ҳукуматҳои туркию паштунии Бухорою Қўқанд ва Афғонистон тоҷикию дарӣ буд. Қисмати дигари тоҷикони дар Эрону (Хуросон, Систон, Мозандарон) Чин зиндагӣ мекардагӣ умуман фаромўш гардида буданд. Дар асри ХХ таърихи давлатдории тоҷиконро фақат дар ҳудудҳои Русия ва мус- тамликаи он Бухоро ба назар гирифтанду халос. Аз ин рў, дар матни ин китоб аз боби барои чӣ ин тавр ранг гирифтани масъала ҳам сухан меравад.
Китоби мазкурро шумо хоннадагони азиз, метавонед аз талори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намоед.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.