Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиям, ки ман имрўз бимирам.
Расул Ҳамзатов
Чу ба одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагўяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Унсурӣ
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.
Абўшакури Балхӣ
Агар тўтӣ забон мебаст дар ком,
На худро дар қафас дидӣ на дар дом.
Ваҳшии Бофқӣ
Магў нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кўҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
*****
Ба гуфтори ширин фиребанда мард,
Кунад, он чи натвон ба шамшер кард.
Носири Хусрав
Маслиҳати туст забон зери ком,
Теғ писандида бувад дар ниём.
Низомӣ
Ба шамшери забон марди суханвар,
Кунад олам мусаххар чун Сикандар.
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст!
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?
Салим
Аз Худо чун сухани нарм надорем талаб,
Шамъсон шўълаи оташ ба забон моро баст.
Сайдо
Нигоҳ дор забон то ба дўзахат набарад,
Ки аз забон батар андар ҷаҳон зиёне нест.
*****
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чи донад касе,
Ки ҷавҳарфурўш аст, ё пилавар.
*****
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш наҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд ки паланг хуфта бошад.
Шайх Саъдӣ
Бо сухан зинда шавад номи ҳама,
Бо сухан зинда шавад хоми ҳама.
Шайх Саъдӣ
Сухани хуш ҳаёти ҷону тан аст,
Дами Исо гувоҳи ин сухан аст.
Ҷомӣ
Гўшро кар куну бишнав, ки чиҳо мешунавӣ,
Дида барбанду назар кун, ки чиҳо мебинӣ.
Соиб
Овар бурун зи гўшат ин пунбаҳои ғафлат,
Дар дарси нуктасанҷон дар ком каш забонро.
Зебуннисо
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К – ў забони модарӣ гум кардааст.
Лоиқ
Гирдоваранда:
Хотун Файзмамадова,
мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос