Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон

 Дар маҷмўаи мазкур фишурдаи гузоришу андешарониҳои иштирокдорони ҳафтумин конфронси умумиҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон», ки рўзҳои 2 -3 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техники Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, шомил шудаанд.

 Баргузории конфронс барои муйяну мушахас намудани муаммоҳои ҷойдошта дар раванди таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои  Тоҷикистон равшанӣ андохта, имкон дод, ки масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷаъмоварӣ, коркарди илмӣ, гуруҳбандӣ ва мавриди омузишу тарғиб қарор додани манобеӣ библиографӣ, библиографии-электронӣ ташкили дастурҳо, роҳнамо, сарватҳои иттлоотӣ ва  махъзанҳои  библиографӣ бо истифода аз  фондҳои чопӣ, манобеи электронии  китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни китобхонавӣ, Интернетӣ таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш мавриди баррасӣ қарор гиранд.

 Дар гузоришҳои кормандони китобхонаҳои миллӣ, ҷумҳурия, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳияви ва донишгоҳо роҷе ба масоили ваъзи кунунии хизмарасонӣ бо дарназардошти воридшавии техналогияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалятноки фаъолияти китобхонаҳо ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар самти таҷдиди хадамоти билиографӣ дар кори китобхонаҳои Тоҷикистон баён ёфтанд.

 Маҷмўа барои омўзиши масоили марбут ба фаъолияти китобхонаҳои малакат дар самти мунофиқу мутобиқ намудани  таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон, бо вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ба муҳаққиқону мутахасссисони соҳаи китобдорӣ ва устодону донишҷуён хеле муфид аст, шумо метавонед ин китобро аз шуъбаи хизматрасонии библиографиӣ китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоед.

Наботов Шариф, мутахассиси  шуъбаи

хизматрасонии  библиографӣ