Рӯзи дувоздаҳум зодрӯзи Шариф Раҳимзода, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами иқтисоди кишвар буд. Ба синни шаст қадам ниҳод. Тӯли солҳои камолоташ дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа кардааст. Дипломат ҳам будаву Раиси Бонки миллӣ низ, раиси кумитаву мушовири Президент низ. Ва ҳоло вакили Парлумон аст. Муаллифи асару мақолаҳои зиёде оид ба такмили низоми бонкдории миллӣ, сиёсати инвестисионию саноатӣ ва самтҳои фаъолгардонии он аст.
Шариф Раҳимзода 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд ёфтааст. Доктори илми иқтисодӣ (2001). Соли 1981 факултаи молиявӣ – иқтисодии УДТ – ро (ҳоло ДМТ) хатм намуда, ба ҳайси ассистент ва муаллими калон дар ҳамин ҷо кор кардааст. Солҳои 1989-1992 корманди масъули Бонки манзилу иҷтимоии Тоҷикистон, Бонки фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ, мушовири калони Президенти Тоҷикистон доир ба сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, 1994-2000 муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 2001-2002 раиси Кумитаи назорати давлатии молияи Тоҷикистон, 2002-2006 сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса, 2006-2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорию идораи амволи давлатии Точикистон, 2008-2011 раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2012 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад. Оид ба такмили низоми бонкдории миллӣ, сиёсати инвестисионию саноатӣ ва самтҳои фаъолгардонии он як силсила асару мақола навиштааст.
Бозчоп аз китоби Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – Х1). – Душанбе, 2018. – С. 507-508.
Муаллиф-мураттиб Ё. Сучонӣ
Аз Шариф Раҳимзода ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед:
Роль банковского кредита в развитии АПК. – Душанбе,1989.
Промышленность Таджикистана и её реформирование в условиях рынка. – Душанбе, 2000.
Возраждение промышленности – важнейщий фактор социально– экономическо подьёма Республики Таджикистан. – Душанбе, 2000.
Инвестиционная политика Республики Таджикистан и основные направления её активности. – Новосибирск, 2001.
Формирование предпринимательской деятельности в промышленности Республики Таджикистан. – Москва, 2005.
Муомилоти пул ва қарз. – Душанбе, 2008.
Аз суҳбатҳои олим:
Бигзор мардон ҳам гиря кунанд: Мусоҳибаи Ў. Мухторова бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода // Фараж. – 2011. – 27 апрел.
Таъмини дурнамои рушд инконпазир аст: Мусоҳибаи рўзноманигор Неъматуллои Худойбахш бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ш. Раҳимзода // Ҷумҳурият. – 2013. – 25 май.
Иқтисоди тавоно рушди мамлакат: Суҳбати У. Мурод ба вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода // Ҷумҳурият. – 2014. – 31 декабр.
Муносибатро бо сармоя дигар кунем: Мусоҳибаи рўзноманигор Ибодуллоҳи Тоҳир бо иқтисодчии шинохта Шариф Раҳимзода // Минбари халқ. – 2015. – 21 май.
Дар муқоиса бо ИДМ вазъи иқтисодии мамлакат муътадил аст: Суҳбати Б. Каримзода бо раиси Кумитаи намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар арафаи «Рўзи иқтисодчиён – 8 апрел» // Садои мардум. – 2017. – 8 апрел.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ