Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-шоир, навсанда ва журналисти маъруф даргузашт

  Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-адиби маъруф, журналист ва тарҷумони шинохта 11-уми январ аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз рӯзноманигори тоҷик Ориф Ёдгорӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ соҳиби чандин китоби шеъру ҳикояҳо, тарҷумаҳо ва очерку публистистика буда, аз ҷумла қаламкашони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд.

 Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, 20 марти соли 1942 дар деҳаи Кадучӣ, колхози «Коммунизм» (имрӯза ба номи Ғоиб Сафарзода)-и ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1950 ба мактаби миёнаи деҳа дохил шуда, онро соли 1960 бо баҳои аъло хатм кардааст. Баъди ду соли таҷрибаи корӣ, ки сарвожатии пионерони мактаб-интернат буд, соли 1963 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1968 ба итмом расонд.

  Аз соли 1968 то аввали соли 1970 муҳаррири калони студияи телевизион, аз соли 1970 то охири соли 1975 ходими рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» шуда кор кардааст. Аз соли 1975 ӯро ба сарредаксияи Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба матбуот, нашриёт ва полиграфия (Госкомиздат) ба кор таъин намуданд ва дар ин ҷо то соли 1990 фаъолона фаъолият намудааст. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ аз соли 1990 то ба нафақа баромадан дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси мудири редаксия, раиси иттифоқи касаба кор кардааст.

  Аз солҳои мактабхонӣ ба кори эҷодӣ машғул буд ва шеъру ҳикоя, китобиёт, танқиду тақриз ва мақолаҳояш дар матбуот мунтазам чоп мешуданд. Шеърҳояш таҳти унвони «Чароғи Иличӣ», «Ленин», «Расми Ленин», «Амони бадрафтор», «Дар рӯзи зимистон», «Деҳаи зебои ман», «Ангури ман», «Гандумбирён», «Бачаи ҷайра», «Нораки тоҷик», «Саг ва гурба», «Асои падар», «Дарёи нур» ва ғайра дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Бадахшони советӣ», маҷаллаи «Машъал» ва ғайра чоп шудаанд. Инчунин, шеъри «Нораки тоҷик»-и Шоҳҳайдар Ёдгориро Ҳофизи халқии Тоҷикистон Зафар Нозим сароида аст.

     40 сол дар матбуот ва нашриёти даврӣ фаъолият намудааст. Дар тӯли ин солҳо 13 маҷмӯаи ҳикояҳо ва очеркҳояш бо номҳои «Машъали саҳро» (с.1977), «Ситораи шӯҳрат» (с. 1979), «Даъват» (с. 1981), «Иттиҳодияи Ховалинг» (с. 1982), «Шӯҳрат» (с.1986), «Кишвари кӯҳистон» (с. 1984) ва ғайра дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд.

     Тарҷумаи асори адибони ҷаҳон низ як қисми кори эҷодии Шоҳҳайдар Ёдгорӣ буданд. Ӯ китобҳои адибони бузургӣ ҷаҳонӣ – «Парасту», «Таня –револютсионерка»-и Е. Верейиская, «Ҳикояҳо барои бачаҳо»-и Г. Кураславов, «Автомобил»-и Н. Носов ва ғайраҳоро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда, дар нашриёти «Маориф» чоп шудаанд.

     Танзими мураттибӣ ва ба табъ расондани осори адибон аз пешаи фаъолияти эҷодии ӯ буданд. Дар тӯли солҳои кори эҷодияш Ш. Ёдгорӣ мунтахаботи «Мероси ҷавонӣ»-и Ғ. Сафарзода (с. 1978), ба муносибати ҷашни 80-солагии С. Вализода, мунтахаботаш бо номи «Пайванди ҷон» (с. 1981), мунтахаботи дуҷилдаи шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло бо номҳои «Зи нав зинда шавем» (с. 1987), куллиёташ таҳти унвони «Куллиёт» (с. 1995) ва китобчаи бачагонаи  Ғ. Сафарзода «Ҷавонӣ» (с. 1986), куллиёти дуҷилдааш бо номҳои «Мунтахабот» (с. 2003) ва «Мунтахабот» (с. 2005), китобҳои ҷашнии Ҳабибулло Файзулло бо номҳои «Пайём» (с. 2005, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи арабӣ) ва «Лутфи боронӣ» (с. 2005) ва хулоса 19 китоби аҳли адабро мураттибӣ карда, бо пешгуфтору тавзеҳот ва хислатномаҳои илмиашон дар нашриёти «Адиб» ва «Ирфон» чоп нумудааст.

     Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, инчунин, «воин-интернатсионалист» буд. Аз соли 1986 то ноябри соли 1988 ҳамчун сартарҷумони сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон (ш. Кобул) кор кардааст. Он солҳо барои хизматҳояш дар Ҷумҳурии Афғонистон бо медалҳои фахрии ҳукуматии «Барои хизмати шоён дар Ҷумҳурии Афғонистон ба муносибати 10-солагии Инқилоби Савр» ва «Сипосгузорӣ аз халқи Афғонистон», ҳамчунин бо «Граммотаи фахрии Вазорати сиҳати оммаи Ҷумҳурии Афғонистон», «Грамотаи Фахрии сафорати СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон» ва ғайра қадр гардидааст.

     Шоҳҳайдар Ёдгорӣ аз соли 1974 узви Конфедератсияи Кумитаи байналхалқии журналистон ва аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

     Шоҳҳайдар Ёдгорӣ 11 январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Барчаспҳо: