Ғолибон шоистаи табриканд

Ҳамчуноне хабар додем, субҳи 14-уми ноябри соли равон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, роҳбарон ва кормандони Китобхонаи миллӣ  бахшида ба “Рўзи Президент” таҳти унвони “Ифтихор аз ибтикороти Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор  гардид. Ва дар ҳошияи он ғолибони ду озмун дар Китобхонаи миллӣ муайян шуданд. Озмуни “Китобдори сол” ва “Хонандаи беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” - и Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ин ду озмун анъанавӣ буда, ҳамасола ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибонашон эълон мешаванд. 

Дар номинатсияи «Китобдори сол» Гран–при насиби сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб Валиев Ҷамил Аминович гардид.


Ҷои якум
- мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ Надиров Сайзароб.
Ҷои дуюм - мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Саидзода Исмоил.


Ҷои сеюм - насиби сардори шуъбаи кўдакон ва наврасон Толибова Назира шуд.

Ҳамчунин 5 нафар кормандони Китобхона бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд:

  1. Тешаева Муқаддас – сардори шуъбаи такмили адабиёт.
  2. Даниярова Насиба – муовини сардори шуъбаи библиографияи миллӣ.
  3. Саломов Абдуғаюр – мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.
  4. Қурбонова Бибикубриясармутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ.
  5. Ҳамидова Гулбаҳор – мутахассиси шуъбаи илмӣ – таҳқиқотӣ.

Номинатсияи «Хонандаи беҳтарин»-и Китобхона миёни хонандагони хурдсол ва калонсол низ ҷамъбаст гардид. Миёни хурдсолон Абдуллоев Амирҳамза – хонандаи синфи 7 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Турсунзода (ҷойи аввал), Давлатмуродова Саида – хонандаи синфи 7 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ш. Душанбе (ҷойи дуюм) ва  Собиров Ҳикматулло – хонанадаи синфи 11 Колеҷи рассомии ба номи М. Олимов (ҷойи сеюм) ғолиб омаданд.
Миёни бузургсолон Бобоев Раҳимқул – олими соҳаи физика, Амонов Шаҳбоз - донишҷӯи соли сеюми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷунайдов Амиршоҳ – донишҷуи соли чоруми факултаи фалсафаи Донишгоҳи Милии Тоҷикистон се ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

 


Ҳамчунин хонандагони фаъоли зерин бо сипосномаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд:

  1. Саҷҷодӣ Муҳаммадшарифзода – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Партов Насрулло – доктаранти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
  3. Одинаева Хушона – аспиранти факултети филологияи хориҷии шуъбаи тарҷумонии забони англисии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ.

Суратгузориши ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҷараёни эътои ҷоизаву сипосномаҳо: