Китоб, арзандатарин дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишини бовафост. Итоб аст, ки инсонро бомаърифат мекунад, закофати фитрии онро сайқал медиҳад ва ҷаҳони мутамаддинро ба рӯяш боз мекунад.
Китоб аст, ки инсонро обу тоб медиҳад. Зеро хирад дар китоб аст. Таълиму тарбияи дуруст, пеша намудани касб, сохтмони рӯзгор аз мутолиаи китоб сарчашма меёбад.
Хушбахтона бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми тоҷик рўзи 4-уми сентябрро ҳамчун «Рўзи китоб» эълон намуданд. Миллати мо ҳамасола ин Иди бузургро бо тантана ҷашн мегиранд. Қобили зикр аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар санаи номбурда, 85-солагии бунёди ин макони илму маърифат бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта хоҳад шуд. Китобхонаи мазкур бо тамоми шароитҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дастхатҳову маводҳои нодирро дорост.
Ҳамнишине беҳ аз китоб нахоҳ
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ
Китоб роҳнамо ба олами хирад, маҳзани умеду орзу, оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худро мушоҳида менамоем. Моро бо дирӯзу имрӯз ва фардои замону миллати ҷаҳон ошно месозад.
Муҳаббату эътиқод ба китоб, рӯ овардан ба китоб аз хирадмандии инсоният шаҳодат медиҳад. Мутолиа афродро дар масире қарор медиҳад, ки эътиқоди онон ва ҷаҳонбиниашон ба куллӣ тағйир меёбад. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тӯли фаъолияти худ сазовор мегардад, саҳми китоб ва китобхона беандозааст. Китобхонӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар сафи аввал истода, сиёсати фарҳангии ҳукумати кишварро ҳамеша таблиғ ва ташвиқ менамоянд.
Ба ҳангоми барноию кўдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад, чунон,
Бигардонад ўро, чу хоҳад боғбон.
Шаҳло Раҳимова,
мутахассиси шуъбаи
маркетинг ва менеҷмент