Хурдтаракони «Гулистон» дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-08-07 18:37
Субҳи имруз як гурӯҳ хурдтаракони боғчаи “Гулистон” шуъбаи кудакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Як нафар мутасаддии шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ҳамчун роҳбалади саёҳат маҳсуб меёфт, сараввал кӯдаконро аз бахши бақайдгирӣ ошно намуд. Баъдан хурдтаракон ҷониби шуъбаи кудакон ва наврасон раҳсипор шуданд.
Шуъбаи кудакону наврасони Китобхона яке аз шуъбаҳои ҷолиб ва диққатҷалбкунанда маҳсуб мешавад. Диққати меҳмонони ҷавонро бештар маҷаллаҳои ҷилоноки кӯдакона ва гӯшаи “Дастони моҳир”, ки маҳсули дастони аъзоёни фаъоли шуъба мебошад, ҷалб намуд. Кудакон бо як меҳри беандоза ба китобҳои рафҳо, мутолиаи бачаҳо ва наврасон нигаристанд ва аз Китобхона бо таассуроти хуб рафтанд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронидани экскурсия дар дохили Китобхона ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, экскурсия барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар байни хонандагони макотиби миёна ва аҳолии мамлакат муфид аст.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 –ум 558 экскурсия гузаронида шуда, дар маҷмўъ 8064 нафар меҳмонон (аз ҷумла 441 нафар меҳмони хориҷӣ) аз Китобхона дидан намуданд.
Зарфи шаш моҳи охир 10 ҳазору 972 нафар хонанда ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудааст. Теъдоди нафароне, ки дар ин шаш моҳ аз толорҳои хониш, толорҳои мутолиаи электронӣ, маводи мусаббат, феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ истифода намудаанд, ҳудудан 255 ҳазор нафарро ташкил медињад. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз кормандони Китобхона ба беш аз 1450 хонанда хизмат расондаанд. Дар шаш моҳ ин теъоди бузурги хонандагон 445 ҳазору 334 нусха адабиёт фармоиш додаву мутолиа кардаанд. Яъне, мо ба омори рӯ ба афзоиши теъдоди хонандагон дар Китобхона рӯ ба рӯ ҳастем. Дуруст аст, ки дар ин рӯзҳои фасли тобистон теъдоди хонандагони Китобхона камтар аст, зеро шумораи аслии хонандагони мо донишомӯзони макотиби оливу миёнаи кишваранд, ки ҳоло дар таътили тобистона қарор доранд.
Омодасоз: Фарзонаи МИРЗО