Бо назардошти афзоиши шумори хонандагон ва зиёд шудани талабу дархости китоб аз ҷониби донишомӯзон роҳбарияти Китобхонаи миллӣ иқдом ба ифтитоҳи толори хониши нав кард. Ин толор дар ошёнаи дуюми бино воқеъ буда, Толори хониши ҳуқуқ ва фалсафа унвон гирифт. Аз замони ифтитоҳи он то кунун ҳазорон нафар аз хизмати толор истифода кардаанд ва чуноне аз номаш пайдост, дар ин толор бештар касоне ворид мешаванд, ки дар риштаи ҳуқуқ ва фалсафа мехоҳанд китоб мутолиа намоянд.
Толор бо ташаббуси бахши ҳуқуқ ва шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар як вақт зиёда аз 120 нафарро бо ҷойи нишаст таъмин менамояд. Азбаски бахши ҳуқуқ дар худ толор надошт, хонандагонаш пайваста хоҳиш менамуданд, ки толори алоҳидае ташкил намоянд.
Ниҳоят толори мазкур бо дархости хонандагони факултаи ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар толор беш аз 600 нусха китобҳои ҳуқуқӣ, маҷмуи қонунҳо, Қарор ва қонунҳо бо забони русӣ, ҳуқуқи гражданӣ, кодекс, тафсир ва конститутсияҳо нигаҳдорӣ мешавад.
Толор ҳамарӯза аз соати 8:00 то соати 22:00 кор мекунад.
Фарзонаи МИРЗО