Бузургонро бузургон зинда медоранд...
Дар боби ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ бузургони мо зиёд суханҳои ҳикматомез гуфтаанд, ки гулчини онҳо вақти зиёд мехоҳад. Намунае аз он фармудаҳо:
Э писар ҳамсояро хушнуд дор,
То ту бошӣ раста дар рўзи шумор.
Ё ин ки:
Сиришти тифли бадро доя донад,
Бади ҳамсояро ҳамсоя донад.
Дарвоқеъ, ҳамсоядорӣ беҳтарин неъмат аст ва мардум ҳам беҳуда намегӯянд, ки ҳамсояи ҳуб аз хеши дур беҳтар аст. То хеши дур аз мушкилат хабар меёбад, ки ҳамсоя ба фарёдат мерасад. Ва дар давлатдорӣ ҳам равобити неку ҳасана бо ҳамсоя беҳтар аз он аст, ки бо дуртаринҳо иртибот дошта бошӣ. Дар замоне, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, кишварҳо наметавонанд бе иртибот бо ҳамдигарӣ вуҷуд дошта бошанд. Чӣ дуранд ва чӣ наздик. Вале боз ҳам кишвари ҳамсоя беҳтар аз мамолики дур аст.
Мо инро дар мисоли дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гармтар эҳсос кардем. Шикасти девори ҷудоӣ ва сафари Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба мамлакати мо, истиқболи гарми мардум, имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ, лағви марзбандиҳо, лағви раводид ва одӣ шудани сафари шаҳрвандон ба ду кишвар баёнгари ин нукта аст, ки дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя саҳфаҳои тоза оғоз шудан доранд.
Шавкат Мирзиёев аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш ба мустаҳкам намудани робита миёни ҳамсоякишварҳо ишора намуда буд. Ва ин нияташро амалан татбиқ намуд. Баъди бозгашташ аз Душанбе бо аввалин фармон, бе он ки тасвиби созишнома дар парламони кишварашро мунтазир шавад, раводидро барои 30 рӯз бекор кард. Тоҷикистон низ фавран аз ин иқдом пушбибонӣ намуд ва ҳоло рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар осонтару содатар шудааст. Дар ноҳияҳои наздимарзӣ тиҷорат дар авҷ аст ва вуруди моли Ӯзбекистон нархҳоро ҳам шикаст, ки ин бешак ба суди мардум аст.
Тоҷикону ӯзбекон аз қадим робитаҳои хешутаборӣ доштанд. Бахусус, замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки марзе миёни ду кишвар набуд, ин алоқаҳо бештар шуданд. Аммо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ вазъро тағйир дода. Ҷорӣ шудани раводид, марзбандиҳои нав хешони наздикро дар ду тараф бе иртибот бо ҳам қарор дод. Вале ҳоло ин монеъаҳо бо ташаббуси сарварони ду кишвар шикаста шуданд, акнун модар бо духтар, бародар бо бародар бе мамоният метавонанд дидор бубинанду аз ҳоли ҳамдигар огаҳӣпайдо намоянд.
Қитъаи роҳи оҳани Амузанг – Хошадӣ миёни Ўзбекистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки аз соли 2011 инҷониб вайрон буд, бо шарофати ин дўстӣ таъмиру барқарор гардид. Бо осону арзон гардидани роҳҳо дўстию ҳамкорӣ миёни тоҷирони ду кишвари ҳамсоя сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Роҳбарони ду кишвар дарк намуданд, ки иттиҳоду ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ метавонанд, ки дар муқобили ҳама гуна ҷараёни ҳадафҳои манфию ғаразнок қавию устувор бошанд.
Боиси тазаккур аст, ки дўстию бародарии байни тоҷику ўзбек бисёр решаҳои қадимӣ дошта, расму оин, тарзи зиндагии онҳо ба ҳам бисёр наздик аст. Сачашмаи ин дустию рафоқат, хишти аввалини бинои ҳамдилию ваҳдатро, ҳанўз чанд аср муқаддам Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гузошта буданд. Алишери Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ боқӣ монда дар осори худ хислатҳои ҳамидаву инсонпарваронаи устодашро ёдовар гардидааст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбати шогирди қадрдонаш назари некбинона дошта, хислатҳои неку писандидаи ўро дар ашъораш дарҷ намудааст. Воқеан мардуми ин ду кишвар аз қадим дар ғаму шодии ҳамдигар шарик буданду ҳурмату эҳтироми якдигарро ҳамеша пос медоштанд. Чи тавре, ки мегўянд: бузургонро бузургон зинда медорад.
Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гиромидошти хотираи неки фарзандони баруманди ду миллати дўсту ҳамсоя – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ, саҳми онҳо дар пойдории дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ўзбек 5-уми марти соли равон барои таъсиси Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» бо пайкараҳои ду шоири маҳбубу шинохта, ҳамчун рамзи дўстии халқҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон, амр кард.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ нисбат ба дигар мамлакатҳои дур аз Ўзбекистони ҳамсоя манфиати иқтисодии бештар мебинад ва ин метавонад барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҳарду кишвар таъсири мусбӣ расонад.
Шаҳло Раҳимова,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китоборӣ.