Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Қалъаи Ҳулбук
Нашр шуд 2018-03-05 17:11
Қалъаи Ҳулбукро ба асрҳои X – XI мансуб донистанд. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст, яъне вай аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл, дар аҳди кушониён бино гашта, дертар таъмиру тармим мегашт ва ниҳоят, дар шакли хеле пурвусъат аз нав сохта шуд.
Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадима ба куллӣ фарқ мекунад. Аксари вақт чунин бошишгоҳҳои мустаҳакамро дар буни кўҳ, ё дар баландии даромадгоҳи шаҳрҳо месохтанд ва онҳо аҳамияти мудофиавӣ доштанд. Аммо қалъаи Ҳулбук дар ҷойи ҳамвор сохта шудааст ва манзалати он чун пойтахти вилояти бузурге шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук бозёфтҳои таъиноти ҳарбӣ дошта хеле кам ба назар мерасадва баръакс, тамоми нишонаҳои шаҳри мутамаддин мавҷуд аст: деворҳои қалъаро меъморони қадимбо хишти хом бардошта, сипас бо хишти пухта рўйкаш намудаанд. Ҳонаҳои зиёди қалъа калолну барҳаво буда, бо долон ба ҳам пайваст, мешаванд, фарши онро чун паркети биноҳои Руми асримиёнагӣ бо хишти пухтаи ҷилодор ороста шудааст. Девори аксари утоқҳо бо тасвири манзараҳои нотакрор – табиати зебо, симои ҷанговарон, навозандагону раққосаҳои хушхиром, асбобҳои алоҳиддаи мусиқӣбасо ҷолибу нотакрор буданд. Инчунин, кошинкорӣ ва кандакорӣ бо гаҷ ба кулли кох ҳусни аҷибе мебахшиданд. Ин ҳама дар навиштаҷоти муаррихони қадим дучор мегардад.
Сабаби дар ҳамворӣ бино гаштани Ҳулбук он аст, ки дар минтақаи сероби води рўдҳои ОКС (ҳоло Оқсу ва Ёхсу) ва аз лиҳози кишварсозию чорводорӣ мутаррақӣ дар маркази роҳи корвонгузари Шоҳроҳи Абрешим қарор дошт ва корвонҳои зиёд аз кулли кишварҳои масири абрешим – Чин, Ҳинд, Пешовару Қандаҳор, Эрону Рум аз ин ҷо мегузоштанд, дар ин ҷо муддате роҳат карда, сипас роҳи худро ба Ҳисору Самарқанду Бухоро идома медоданд ва ё баръакс, пеш аз баромадан ба манотиқи биёбону кўҳистон дар ин ҷо озуқаи зарурӣ мегирифтанд. Албатта, тавассути роҳи барои тоҷирон кушодаи байни кишварҳо корвонҳои бузург чун ҳамеша баробари амволу сарват, инчунин оромӣ ва шодӣ меоварданд, мубодилаи судманди фарҳангии халқҳои гуногун сурат мегирифт. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук осори тамаддуни чаҳор империяи қадим – Чин, Бохтар ва Руму Эрон эҳсос мегардад.
Ҳулбуки бостонӣ дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кўлоб қарор дорад ва барои сайёҳони ватанию бурунмарзӣ, ҳаводорон ва омўзандагони таърих дастрас мебошад.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ин қалъаи таърихӣ метавонед мақолоти зеринро мутолиа намоед:
Файзалиев, Т. Ҳулбук зинда мешавад: Тақдири ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонӣ // Комсамол Тоҷикистон. – 1988.
Ғуломов, Э., Маршак, Б. Ҳулбуки қадима: Оид ба археология //Тоҷикистон. – 1957. 20 с.
Қуддус, Ҷ. Ҳулбук – башорат аз «ҳазор-шаҳри Бохтар». «Таърихи қалъаи бостонии Ҳулбук // Минбари халқ, – 2013.
Саидкабир, С. Ҳулбук таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад: Маълумот дар бораи таърихи пайдоиши қалъаи Ҳулбук // Истиқлол. – 2010. – 7с.
Маҳмадов, А. Ҳулбук ва асрори нуҳуфтаи он: (Шаҳри Ҳулбук ҳамчун пойтахти Хатлон дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик мавқеъи хеле бузург дорад // Ҷумҳурият. – 2006.
Бобоев, А. Ҳулбук – зебошаҳри қадим: Аз таърихи диёрам // Мубориз. – 1992.
Азизов, М. Ҳулбук: Аз таърихи пойтахти Хатлон // Илм ва ҳаёт. – 1990. – 16-18с.
Абдуғаюр Саломов,
Шуъбаи маркетин ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ