Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик

Интишороти «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби тозаэчоди сохибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмхои таърих, мушовири калони бахши Ердамчии Президенти Точикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик» чоп кард. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфҳ мунташир гаштааст.

Ҳамаи рўйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тўли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух намудаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрўзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин васила халқи куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрўю манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар ин китоб, ки ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, муаллифон кўшидаанд, то нишон диҳанд, ки агар сиёсатмадор манфиатҳои сарзамини модарӣ ва халқи хешро дар мадди аввал қарор диҳад ва барои ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ тамоми ҳастии худро бахшад, қодир ба даст ёфтан ба пирўзиҳои бузург хоҳад буд.

Муаллифон  умедвор ҳастанд, ки ин китоб ба хонандагон, ба вижа ба ҷавонон, баҳри боз ҳам беҳтар шинохтани чеҳраи хосси Эмомалӣ Раҳмон ва дарёфтани сабабҳои пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистони навин, ки маҳсули заҳматҳои арҷмандона ва шабонарўзии ин шахсияти барҷаста ва Пешвои миллати тоҷик аст, кумак хоҳад кард.

Дарёфти китоб: Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик

Барчаспҳо: