Саду як дарахти нави сӯзанбарги Китобхонаи миллӣ баъди Соли нав

Дар аввалин ҳафтаи соли нави 2018 боғи Китобхонаи миллӣ соҳиби саду як дарахти нави ороишӣ шуд. Ин рӯзҳоро кормандони китобхона ба омода кардани ҷой барои дарахтони нав машғул буданд. 

Бо мусоидати Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз Боғи миллии ботаникии кишвар саду як дарахти сӯзанбарг оварданд ва онҳоҳоро дар саҳни китобхонаву боғи он шинонданд.

Дарахтшинонӣ аз аввали моҳи декабри соли гузашта шуруъ шуда буд. Ва тӯли ин муддат бо сайю талоши кормандон ҳудудан 560 адад дарахтони гуногун овардаву шинонда шуданд.

Дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.