Нависандаи маъруфи рус Михаил Задорнов тарки олам кард

Михаил Задорнов,- адиби ҳаҷвнигори рус баъди зуҳри дирӯз дар остонаи 70-солагӣ аз олам даргузашт. Адиби маъруф муддати тӯлонӣ аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид.  Мегӯянд вақтҳои охир вай ҳатто аз табобати дар бемористон ҳам даст кашид, чун мехост бештар бо пайвандону дӯстонаш бошад. Шояд адиб дигар бовар карда буд, ки аз ин касалӣ раҳоӣ надорад ва ҳама гуна кимиётабобатиҳо беҳудаанд.  

Вай аслан бемории худро шаҳр ҳам намедод, аз суолот дар маврид канораҷӯӣ мекард ва намехост таваҷҷуҳи расонаҳо ба масъалаҳои шахсиву саломатии вай кашида шавад.  Дӯсташ Иосиф Кобзон гуфтааст: “Вай комилан муолиҷанаванда буд, саратон аллакай ду тарафи мағзи сарашро хӯрда буд. Хеле афсӯс, вай виҷдони поки ҷомеа ва бидуни ягон сиёсат буд. Фоҷеабор аст, ки ин гуна одамон ба зудӣ олами моро тарк мекунанд”.

Задорнов соли 1948 дар Литва таваллуд шудааст. Дар бораи гузаштагонаш ҳарфҳо зиёданд ва дар маводҳои тарҷумаиҳолии вай ишораҳое ҳастанд, ки насаби гузаштагонаш аз ҷониби модар ба шоҳ Стефан Батория мекашад.

Падараш Николай Павлович Задоронов нависандаи Шӯравӣ буд, ки соли 1992 аз олам гузаштааст. 

Задорнов аз солҳои 1980 дар барномаҳои гуногуни телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ зоҳир мешуд ва барномаҳои консертии ҷолиб омода мекард. Аммо бештар барояш барномаҳои телевизионии "Аншлаг", "Смехопанорама", "Сатирический прогноз" ва "Дочки-матери" шуҳрати мондагор оварданд.

Задорнов ҳам ҳунарманди хуб ва ҳам адиби хушнавис буд. Солҳои 1984-1985 дар маҷаллаи “Юност” бахши ҳаҷвро сарварӣ кардааст.

Соли 1990 китобаш “Қиёмат” нашр шуд ба ба дунболи он чандин китоби дигари адиб рӯйи чоп дид. 

Ҳикояҳои ҷудогонаи Михаил Задорнов ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва дар шакли пароканда дар расонаҳои хабарӣ чоп шудаанд.