Эраҷ Мирзо – мадеҳасарои модар
Беҳтарин шеърҳои Эраҷ Мирзо дар васфи модар ва зан гуфта шудаанд «Модар», «Дили модар» ва ғайра. Модарномаи Эраҷ Мирзо дар тамоми адабиёти Шарқ мавқеи баланд дорад. Эраҷ Мирзо яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист. Ў якчанд асарҳои нависандагони Ғарбро ба форсӣ тарҷума кардааст. Соли 1926 дар шаҳри Теҳрон вафот кард.
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гоҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Шояд ин чанд мисраъ шеърро аксаран донанд. Шеъри шоири маъруфи Эрон Эраҷ Мирзоро, ки замоне ҳатто дар китобҳои соли аввали хониш барои синфҳои ибтидоӣ чоп мешуд. Ва ин шори шӯрида шеърҳои зиёде дар ситоиши модар сурудааст, ки намунае аз онро дар поён меорем.
Эраҷ Мирзо Ҷалоллулмамолик соли 1874 дар Табрез ба дунё омадааст. Шоири эронӣ дар оилаи шоҳзодаи фақиргаштаи коҷор. Аз хурдӣ ба шеъргўи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмҳои мантиқ, фалсафа, маонӣ ва баёнро омўхт. Забонҳои арабӣ, туркӣ, франсавӣ ва русиро аз бар кард ва ҳунари хатотиро ёд гирифт.Фақирона мезист.
Соли 1892 ба дарбори Музаффаруддиншоҳ ба хидмат омад. Дар дарбор бо қасидаҳои мадҳияш шўҳрат пайдо кард ва ба лақабҳои ифтихории «Садрушшуаро» ва «Фахрушшуаро» мушарраф шуд. Вале шоири дарбор будан ба дилу нияти вай мувофиқ набуд.
Соли 1896 дарборро тарк карда, дар идораҳои боҷхона, палатаи савдо, Вазорати маориф, идораи молия кор кард. Солҳои 1917-1924 дар Машҳад зистааст.
Девони ашъори Эраҷ Мирзо, ки тақрибан 4000 байт дорад, шеърҳои гуногуни лирикӣ, ҳаҷвӣ, маснавиҳои «Орифнома», «Зўҳра ва Манучеҳр»-ро дар бар мегирад. Дар давраи авҷи ҳаракати миллии озодихоҳӣ дар ашъори Эраҷ Мирзо ҳақиқати зиндагӣ ва муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замон ба миён гузошта шудааст.
Ў дурўгиягии рўҳониёнро мазаммат мекард «Ашки шайх», бар зидди таассуби динӣ мубориза мебурд «Бишнав, ки латифаи қашангест», аз мавқеи пасти иҷтимоии занҳои Эрон сухан мегуфт «Чодар», «Ҳиҷоб» ва ғайра. Дар маснавии «Орифнома» аҳли ҳукумрони давр ва шоҳ мавриди танқид қарор гирифтаанд. Беҳтарин шеърҳои Эраҷ Мирзо дар васфи модар ва зан гуфта шудаанд «Модар», «Дили модар» ва ғайра. Модарномаи Эраҷ Мирзо дар тамоми адабиёти Шарқ мавқеи баланд дорад. Эраҷ Мирзо яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист. Ў якчанд асарҳои нависандагони Ғарбро ба форсӣ тарҷума кардааст. Соли 1926 дар шаҳри Теҳрон вафот кард.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Советии Тоҷик»,
Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – 199 с.
Муаллиф: М. С. Осимӣ
Аз осори Эраҷ Мирзо дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро пайдо ва мутолиа карда метавонед:
Мирзо, Э. Наврўзи кўдакон: Шеърҳо барои бачагони синни хурди мактабӣ / Тартибдиҳанда Н. Шанбезода. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 32 с.
Мирзо, Э. Муҳабати модар: Шеър // Бо роҳи Ленинӣ. – 1941. – №3. – С.
Мирзо, Э. Модар: Шеър // Бо роҳи Ленинӣ. – 1941. – №2. – С. 24.
Мирзо, Э. Рўзу шаб: Шеър // Шарқи Сурх. – 1958. – №9. – С. 100-101.
Бақоев, М. Мирзо, Эраҷ Ҷалоламулк: Маълумот дар бораи шоири машҳур ва тарраққипарвари Эрон, Э. Мирзо // Тоҷикистони советӣ. – 1959. – 9 апрел.
Мирзо, Э. Модар: Шеър // Машъал. – 1960. – №2. – С.1.
Мирзо, Э. Модарнома // Занони Тоҷикистон. – 1961. – №12. – С. 16-17.
Намунае аз ашъори Эраҷ Мирзо 1873-1926: Коргар; Вафо; Ду ғазал: Шеърҳо / Ба чоп тайёркунандагон Қ.Киромов, Т.Бердинва // Маъориф ва маданият. – 1962. – 25 январ.
Мирзо, Э. Меҳри модар: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1964. – 8 март.
Мирзо, Э. Ранҷи модар: Шеъри шоири Эрон // Занони Тоҷикистон. – 1966. – №8. – С.11.
Мирзо, Э. Модар: Шеър / Ба чоп тайёркунанда Ҷ. Шанбезода // Занони Тоҷикистон. – 1973. – №2. – С. 17.
Мирзо, Э. Дили модар: Шеър // Ба пеш. – 1991. – 16 март.
Ватанпур, А. Баъзе хасаиси шеъри кўдакии Э. Мирзо: Шоири эронзамин // Адаб. – 2011. – №2. – С.12-14.
НАМУНАҲО АЗ АШЪОРИ ЭРАҶ МИРЗО
ОМӮХТ
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гоҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Чун ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.
ҚАДРИ МОДАР
Писар, рав қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар, бечора модар.
Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
Туро беш аз падар, бечора модар.
Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.
Нигахдорӣ кунад нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз,
Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.
Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нағалтад,
Шаб аз бими хатар, бечора модар.
Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар, бечора модар.
Бишӯяд кӯҳна, орояд наватро,
Чу камтар коргар, бечора модар.
Тамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар, бечора модар.
Агар як атса ояд аз димогат
Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.
Агар як сурфае беҷо намой.
Хӯрад хуни ҷигар, бечора модар.
Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ,
Нахобад то саҳар, бечора модар.
Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
Надорад хобу хӯр, бечора модар.
Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
Кашад ранҷи дигар, бечора модар.
Сипас чун по гирифтй, то наяфтӣ,
Хӯрад ғам бештар, бечора модар.
Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.
Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ,
Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
Агар як рубъи соат дер оӣ,
Шавад аз худ бадар, бечора модар.
Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар.
ИДИ НАВРӮЗ
Иди Наврӯз аввали сол аст,
Рӯзи айшу нишоти атфол аст.
Ҳама он рӯз рахти нав пӯшанд,
Чою шарбат ба хушдилй нӯшанд.
Писари хуб рӯзи ид андар
Равад аввал ба хидмати модар.
Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,
Сару дасташ бибӯсид аз сари шавқ.
Гӯянд: «Ин иди нав муборак бод,
Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».
Баъд ояд ба дастбӯси падар,
Бӯса бахшад падар аз рӯи писар.
Писари бад чу рӯзи ид шавад,
Мавқеи диду боздид шавад
На падар дуст дорадаш на аму,
На касе идӣ оварад бари ӯ.
Идӣ он рӯз ҳаққи он писар аст,
Ки наҷибу шарифу боҳунар аст.
МАЙГУСОРӢ
Иблис шабе рафт ба болини ҷавоне,
Ороста бо шакли муҳиббе сару барро.
Гуфто, ки манам марг, агар хоҳи зинҳор,
Бояд бигузинӣ ту яке з-ин се хатарро.
Ё он падари пири худатро бикушӣ зор,
Ё бишканӣ аз хоҳари худ синаву сарро.
Ё худ зи майи ноб бинӯши ду-се соғар,
То ин ки бипӯшам зи ҳалоки ту назарро.
Ларзид аз ин бим ҷавон, бар худу ҷо дошт,
К-аз марг фитад ларза ба тан зайғами нарро.
Гуфто: накунам бо падару хоҳарам ин кор,
Лекин ҳаме аз хеш кунам дафъ зарарро.
Ҷоме ду-се май хӯрд, чу шуд хира зи мардум,
Ҳам хоҳари худро заду ҳам кушт падарро.
Эй кош, шавад хушк буни току Худованд
З-ин мояи шар(р) ҳифз кунад навъи башарро.
ПАЙҒОМ
Дод маъшуқ ба ошиқ пайғом,
Ки кунад модари ту бо ман ҷанг.
Ҳар куҷо бинадам аз дур кунад,
Чеҳраи пурчину ҷабин пур ожанг.
Бо нигоҳи ғазаболуд занад,
Бар дили нозуки ман тири худанг.
Модари сангдилат то зиндаст,
Шаҳд дар коми ману туст шаранг.
Нашавам якдилу якранг туро,
То насози дили ӯ аз хун ранг.
Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ,
Бояд ин соати бехавфву диранг.
Равию синаи тангаш бидарӣ,
Дил бурун орӣ аз он синаи танг.
Гараму хунин ба маниш боз орӣ,
То барад з-оинаи қалбам занг.
Ошиқи бехиради ноҳанҷор,
Не бал он фосиқи бе исмату нанг.
Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд,
Хира аз бодаву девона зи банг.
Рафту модарро афканд ба хок,
Сина бидарриду дил овард ба чанг.
Қасди сарманзили маъшуқ намуд,
Дили модар ба кафаш чун норанг.
Аз қазо хурд дами дар ба замин,
В-андаке суда шуд ӯро оранг.
В-он дили гарм ки ҷон дошт ҳанӯз,
Уфтод аз кафи он бефарҳанг.
Аз замин боз чу бархост намуд,
Пайи бардоштани он оҳанг.
Дид каз он дили оғушта ба хун,
Ояд оҳиста бурун ин оҳанг:
Оҳ ,дасти писарам ёфт харош,
Вой, пои писарам хӯрд ба санг.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ