Маҳфили «Хандарез» бо иштироки гурўҳи «Ғарибшо компания»
Нашр шуд 2017-08-21 12:13
Баъд аз зуҳри 18-уми августи соли равон дар шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хандарез» баргузор гардид.
Меҳмонони маҳфил ҳунармандони гурўҳи «Ғарибшо Компания» бо ширкати Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов буданд.
Дар ин нишаст ҳунармандон аввал дар бораи худ, фаъолиятҳои эҷодӣ, роҳҳои расидан ба ташкили гуруҳ ва ғайра суҳбат карданд.
Дар бахши саволу ҷавоб аз Бахтиёр Раҳимов суол карданд, ки чаро гуруҳашон “Ғарибшо компания” ном дорад? Ӯ посух дод?
“Чун мо гурўҳамонро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкил намудем ва он солҳо мардуми тоҷик гуреза гашта, дар ғарибиҳо умр ба сар мебурданд, аз ҳамин хотир номи гурўҳро «Ғарибшо компания» гузоштем”.
Ширкаткунандагон дар иҷрои меҳмонон саҳнаҳои ҳаҷвии зиёдро ҳам тамошо карданд, миёни онҳо муколамаи гарму шавқовар ҳам ҷараён гирифт, ки хеле мақбул буд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Хандарез» яке аз маҳфилҳои доимии шуъбаи хизматрасонии махсус буда, моҳе як маротиба бо иштироки як ҳаҷвнигор ё гуруҳи ҳунарӣ баргузор мешавад.