Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз шарҳи ин се вожа дар се минтақаи торихии густариши забони порсии дарӣ бармеояд, ки ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд.

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муъосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

Аз таърихи корбурди ин вожаҳо дар осори порсии дарӣ чунин бармеояд, ки аз ин гурӯҳ танҳо вожаи «панҷара» бино бар осор аз луғати бунёдии забони порсии дарӣ дониста мешавад ва он дар ин маъно дар забони форсии имрӯз низ мавриди истифода қарор дорад.

Акнун вижагиҳои ҳар кадоме аз ин вожаҳоро, бино бар корбурди онҳо дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мухтасар дарҷ менамоем:

Панҷара (پنجره ): Ин вожа дар осори порсии дарӣ дар мисоли чанде аз фарҳангномаҳо бад-он маъност, ки дар форсии кунунӣ то ба имрӯз ба кор меравад. Яке аз чунин манобеъ ҳудуди 30 вожаест, ки Шамси Фахрӣ, муаллифи «Меъёри Ҷамолӣ», аз «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ ҳамчун вожагони маъруф мисол оварда ва «панҷара» низ ба ин гурӯҳ шомил мебошад.[1]

Дар «Бурҳони қотеъ», таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, аз гунаи мухаффафи он, яъне «панҷар» бар вазни «санҷар» низ ёд шуда, дар маънои «қафас» ҳам омадааст.[2]

Дар иртибот ба «панҷара» мутобиқи тавзеҳоти фарҳангномаҳо ва шоҳид аз осор (-и гузашта) Деҳхудо дар «Луғатнома» тафсилотеро баён доштааст, ки фишурдаи он чунин аст: «Панҷара даричае бувад дар девор, ки берун нигаранд (Луғатномаи Асадӣ нусхаи Нахҷивонӣ). Он чи дар баъзе иморат мушаббак (Д.С. шабакадор; хона-хона) созанд (Ғиёс ул-луғот), даричае бувад мушаббак…, ҳарчи мушаббак бошад (Ғиёс ул-луғот). Тунукаи оҳанини пурсурох… Қафас (Луғатномаи Мақомоти Ҳарирӣ). Мисли панҷара, шабакадор, мушаббак, даричадор».[3]

Дар «Луғатнома» аз Фаррухӣ ва Носири Хусрав шавоҳиде оварда шудааст, ки ин далели корбурди ин вожа дар чунин маънӣ дар ҳавзаҳои забонии Хуросону Мовароуннаҳр мебошад.

Мафҳуми русии «окно с решёткой» дар форсӣ ба ибораи «панҷараи мушаббак» маънӣ шудааст.[4] Дар ҳамаи фарҳангҳои форсӣ дар баёни ин мафҳум танҳо аз ҳамин як вожаи «панҷара» истифода мешавад.

Дар забони форсии миёна дар баёни ин мафҳум вожаҳои rōzan ва rōz(b)ānag ба кор рафта, ки гунаи нахусти он (рӯзан/равзан) то ба имрӯз дар форсии Эрон, дарии Афғонистон ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор дорад.[5] Дар фарҳангномаҳои куҳан нивишти ин вожа дар расмулхати форсӣ روزن бо фатҳи аввал ва севум, яъне «равзан» муъаррифӣ шуда, бунёди он дар забони авестоӣ «raočana” мебошад. Аз ин ҷо «равзан» ба маънои «равзанаи боми хона», дар арабӣ ҳамчун иқтибоси эронӣ روزن ва ҳар сурох ва шикофе, ки дар васати девори утоқ ва ҷуз он бошад, яъне дарича, маълум аст. Дар осори суғдӣ rwcn (rōčan) (8557) ба маънои «панҷара» (window) ба кор рафтааст.[6] Дар бораи таърихи rōzan//ravzan Бортулуме таҳқиқ кардааст.[7] Муҳаммади Муъин дар ин бора дар поварақе барои Бурҳони қотеъ иттилоъ додааст.[8]

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар алифбои лотин (соли 1933-1934)[9] вожаҳои русии «окно; окошко» бо вожаҳои «панҷара» ва «тиреза» маънӣ шудаанд. Ҳамчунон ки мебинем, дар ин фарҳанг вожаи «панҷара» дар ҷойи аввал ва муродифи он- «тиреза» дар ҷойи дувум қарор дода шудааст. Дар чунин тартиб овардани ин ду вожа дар фарҳанг бад-он маъност, ки вожаи «панҷара» дар забони меъёр бар муродифи он, яъне «тиреза» бартарӣдорад.

Вожаи «панҷара» дар ин маънӣ дар фарҳангҳои тоҷикӣ баъдан дар маънои дигар, яъне «решётка»-и русӣ ба кор рафта, дар маънои «окно» истилоҳи «тиреза» мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи «панҷара» дар маънои «окно»-и русӣ хориҷ карда ва дар баёни ин вожаи русӣ «тироза» ва «дарича» оварда шудааст.[10] Аммо «панҷара» дар ин луғат танҳо ба маънои «решётка» сабт гардидааст. Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 ҳамин шарҳи «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 ъайнан такрор шудааст.[11] Ҳамчунон ки мебинем, мавриди истифода қарор гирифтани «тиреза» ва хориҷ гардидани истилоҳи куҳани «панҷара», ки собиқаи тӯлонии хаттӣ дорад, ба луғати соли 1949 иртибот мегирад.

Тиреза (تیریزه): Ин вожа ҳанӯз дар қарни XIX дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ», таълифи В. Наливкин, ки бар асоси вожагони мутадовил дар гӯишҳои кишвари Туркистон таҳия шудааст, дар шакли «тироза» (تیرازه) бо муродифоти «дарича» (دریچه) «равзан» (روزن) ва «равзана» (روزنه) дар шарҳи вожаи русии «окно» ба кор рафтааст.[12]

Ҳамчунон ки аз навишти ин вожа дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» таълифи В.Наливкин дар шакли تیرازه бар меояд, дар Туркистон вожаи мазкур дар чунин савтиёт маъруф будааст. Агар навишти форсии «тироза» ҳамчун шакли меъёр барои он замон маънӣ шавад, пас гунаҳои тоҷикии «тиреза» ва туркӣ-ӯзбекии «дераза» бояд шаклҳои мухаффафи «тироза» маънӣ шавад. Дар фарҳангҳои дузабонаи русӣ — ӯзбекӣ [13], ӯзбекӣ — русӣ [14] ва ӯзбекӣ ба форсӣ [15] ва луғати тафсирии забони узбакӣ [16] ҳама ҷо вожаи «дераза» ба кор рафтааст.

Бояд тазаккур дод, ки аз бунёди ин вожа, яъне «тироза» (дар навишти форсӣ تیرازه) дар забони тоҷикӣ «тиреза» бо тафовути овойи «о» ва «е» дар ҳиҷои дувум ва дар ӯзбекӣ «дераза» (deraza) бо табдили t ба d дар оғози ин вожа ва таҳаввулоти дохилии овоӣ шаклҳои маҳаллии он дар забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ бар асоси савтиёти ин забонҳо устувор гардидааст, ки аз ин шаклҳо гунаи тоҷикии «тиреза» ба асли навишти форсӣ мутобиқат дорад.

Гунаи овоии «т» дар тоҷикӣ (тиреза) ва «д» дар забонҳои туркӣ (дераза) бар асоси қоидаи табдили «т» ва «д» дар оғози чанде аз вожаҳои муштарак дар забонҳои эронӣ ва туркӣ сурат гирифтааст. Ба таври намуна: dāya=tāya «доя», tenĵ= denĵ «тенҷ», tukma=dugmа «тукма», tušak = dušak «бистари хоб», tavuš = davuš «овоз, садо» ва ғайра.

Килкин (کلکین): Ин вожа дар забони дарии Афғонистон иқтибоси ҳиндӣ буда, дар ин ҳавзаи забони порсии дарӣ ё форсӣ дар баробари теъдоде аз вожагону истилоҳоти ҳиндӣ, ки дар гӯйишҳои ин минтақа корбурди вижа доранд, истифода мешавад. Муқоиса шавад: дар пашту kəpkəй.[17]

Ҳамчунон ки аз шарҳи ин се вожа дар се минтақаи торихии густариши забони порсии дарӣ бармеояд, ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд. Таҳаввулоти ин мафҳум бо дар назар гирифтани давраҳои таърихии забони порсии дарӣ дар мисоли ҳавзаҳои забонӣ дар се кишвари ҳамзабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон чунин хулоса мешавад:

Корбурди истилоҳи муштараки «рӯзан/равзан» бар асоси осори се давраи таърихии забони порсии дарӣ (форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон) дар сарзаминҳои густариши ин забон.
Ба кор бурдани истилоҳи «панҷара» дар форсӣ.
Истифодаи вожаи аз нигоҳи пайдоиш ношинохтаи «тироза» дар манотиқи Осиёи Миёна ва гунаҳои маҳалли он дар забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ.
Мавриди истифода қарор гирифтани вожаи ҳиндии «килкин» бар ивази баробариҳои форсии он дар Афғонистон.

Феҳристи манобеъ:

[1] Капранов В.А. «Луғати фурс» Асади тусӣ и его место в истории таджикской (фарси) лексикографии. – Душанбе, 1964, саҳ 174.
[2] Бурҳони қотеъ. Таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, мутахаллис ба Бурҳон. Бо эҳтимоми доктор Муҳаммад Муин, ҷ. аввал. -Теҳрон, 1342.
[3] Луғатномаи Деҳхудо. Ҷилди 4. -Теҳрон, 1377.
[4] Галунов Р.А. Русско-персидский словарь.-Москва, 1937.
[5] MaсKenzie Д.N. A сoncise Pahlavi Dictionary. -London, 1971.
[6] Gharib B. Sogdian Dictionary (Sogdian — Persian -English).-Tehran, 1995.
[7] Bartholomae Ch. Altiranisches Wörterbuch. -Strassburd, 1904.
[8] Бурҳони қотеъ. Таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, мутахаллис ба Бурҳон. Бо эҳтимоми доктор Муҳаммад Муин, ҷ. аввал. -Теҳрон, 1342.
[9] Луғати русӣ-тоҷикӣ. Ҳайати таҳририя: С.Айнӣ, С.Р.Алӣ зода, Алӣ Исмоил-зода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ. -Сталинобод, 1933-1934.
[10] Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов). -Москва -Сталинобод, 1949.
[11] Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири М. Осимӣ). -Москва, 1985.
[12] Наливкин В. Русско -персидский словарь. Обще-употрнбительных слов по наречиям Туркестанского края. -Казан, 1888.
[13] Русско – узбекский словарь, 1954;
[14] Узбекско-русскии словарь. -Москва, 1959
[15] Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муаллифон: Муҳаммад Ҳалим Ёрақин, Шафиқа Ёрақин.-Теҳрон, 1386.
[16] Ӯзбек тилининг изоҳли луғати, 1981;
[17] Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. -Москва, 1983.

Додихудои Саймиддин

Бозчоп аз http://parsianjoman.org

Шарҳи мо: Равоншод Додихудои Саймуддин  раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, раиси собиқи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳҳангистони ъулуми Тоҷикистон ва севумин ъузви Фарҳангистони забон ва адаби порсии Эрон аз Тоҷикистон ва аз маъдуд донандагони забонҳои бостонӣ дар ин кишвар буд, ки чанде пеш ба ъиллати беморӣ даргузашт. Ин мақолаи устод қаблан дар сойти Кумитаи забон мунташир шуда буд.

Додихудои Саймуддин аввали моҳи майи соли равон бар асари беморӣ дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи ӯ метавонед аз ин ҷо маълумоти бештар пайдо кунед:

http://kmt.tj/professor-dodihudo-saymiddinov-az-olam-darguzasht

http://kmt.tj/ekhyogari-tarihi-zaboni-milli

http://kmt.tj/osori-dodihudo-saymiddinov-dar-kitobhonai-milli

Барчаспҳо: