Пайравони Пешвои миллат
Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд. Калимаи дигар, яъне сўзанда баръакси ин гуфтаҳост. Яъне, шарҳаш чунин аст, ки ҷавонон аз илми ахлоқ дур бошанд ва ҳушу ёдашон ба майю қимор, дуздию ғоратгарӣ ва дигар рафторҳои бади инсонӣ равона бошад, пас кишвар аз дасти чунин нафарон месўзаду хокистар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ба чунин харобкориҳо наовардани давлат ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки саъю талош кунем, то руй ба илмандўзӣ биоварем. На номи худро дар ҷомеа паст кунем ва на номи давлати хешро.
Пайравони пешвои миллат ин ҷавононанд, бинобар ин ҷавонон нерўи созанда ва пешбарандаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият аз ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонони мо дорои ҳисси ватандўстии бештар бошанд, ҳамон қадар кишвари мо рў ба пешравӣ хоҳад овард. Бинобар ин бояд гуфт, ки замони муосир бо як қатор хусусиятҳои худ аз замонҳои дигар фарқ мекунад. Замони имрўзаро баъзе равандҳои мураккаб, ба монанди ҷаҳонишавӣ, омўзиши тамаддунҳо ва гузариш ба системаи наву тафаккури нав таъсиррасон аст. Албатта, ин хусусиятҳо ба омодагии равонӣ, ба тарзи фикрронӣ ва умуман, ба кулли хусусиятҳои психологии шахс, аз ҷумла ба ҷавонон таъсири худро мерасонад.
Дар кадом сатҳ ва чи гуна будани ҳолати психологии ҷавонони имрўза аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Ба ин мисол шуда метавонад хусусиятҳои бевоситаи инфиродии шахс, ки ин ҳама новобаста аз давру замону макон таъсир мерасонад. Давраи гузариш, ки таъсири худро ба ҷавонони имрўз хеле расонидааст. Мо аз давраи Иттиҳоди Шўравӣ ба давраи Истиқлолият гузаштанро хуб дар ёд дорем. Ҷавононе, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ тавлид шудаанду таҳсил мекунанд, аз насли калонсол фарқ менамоянд. Аз ин рў, байни онҳо гуногунфаҳмию назарҳои ҳархела ба вуҷуд меояд. Аз ҷониби дигар, мо ҳис мекунем, ки то ҳанўз барои ҷавонони мо худшиносии миллӣ, фарқ кардани худ аз дигар миллатҳо то андозае мушкилиҳоро ба миён меорад. Бархе аз ҷавонон ба он андешаанд, ки мо тоҷикон аз ҷаҳони мутамаддин фарсахҳо дур мондаем, вале ба андешаи мо ҳамаи ин фикрҳо шахшудаву қолабӣ мебошад. Зеро дар замони муосир ахбор бо ҳар роҳ дар тамоми дунё зуд паҳн мегардад ва ҳар навигарие, ки рух медиҳад, оҷилан ба тариқи воситаҳои иртиботӣ ба ҳама дастрас мегардад ва ҳар як ҷавони бедордилу фаъол метавонад ба ин равандҳои пешқадам ҳамроҳ шавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксар вақт дар масъалаи таҳсил кардани ҷавонон хусусан, духтарон нофаҳмӣ миёни волидону фарзанд ба миён меояд. Суоле ба миён меояд, ки дар ин ҳолат айб аз кадом тараф аст? Ба андешаи мо масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, ки нофаҳмиҳоро миёни волидайн ва фарзанд ба миён меорад, масъалаи хеле муҳим аст. Мо бояд ин нуктаро дарк намоем, ки агар арзандаи зиндагии шоиста шудан хоҳем, ба мо доштани донишҳои олӣ лозим меояд. Аз ин рў, таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ бисёр зарур мебошад. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки давраи таҳсил, дарёфти маълумот ва ё омодашавӣ ба ҳаёт ин давраи махсуси зиндагӣ аст. Барои касбомўзӣ ва интихоби касб бояд дар давраи ба худи наврас мувофиқ фаро гирифта шавад. Барои ҳар қадар самаранок шудани кор (дилбазан набудани касб, натиҷаҳои хуб ба даст овардани фаъолият ва ғайра) ҷавонон бояд се унсурро риоя намоянд: қобилият, имконият ва шавқу ҳавас.
Аввалан, ҳар ҷавоне, ки касберо интихоб мекунад, бояд қобилияти онро дошта бошад, баъдан бояд андеша кунад, ки ў имконияти ворид шудан ба ин касбро дорад ё не ва ахиран, ҳатто агар қобилият ва имконият дошта бошаду шавқу ҳавасе ба касби худ надошта бошад, ба муваффақият ноил намегардад.
Мушкили дигаре, ки мо ҳар лаҳза бо он рў ба рў мешавем, ин аз хондан дур мондани ҷавонон, хусусан донишҷўйён мебошад. Аз хониш дур мондани донишҷўйён унсурҳои зиёди худро дорад. Аз ҷумла, мушкили асосӣ ин маром доштани ҷавонон аст. Бояд ҷавононро ботинан ба таҳсил фаро гиранд. Дар ин ҷо нақши равоншиносон фаъол мегардад, аммо дар ҷомеаи мо равоншиносон ниҳоят камшумор ҳастанд, ҳарчанд нақши онҳоро то андозае худи устодон ба анҷом мерасонанд. Ҳангоми омода кардани кадрҳои омўзгорӣ ба тарзи дарсгузарӣ аз лавозимоти лозима истифода бурдани омўзгор, дарсро ба таври интерактивӣ гузаронидан, диққатҷалбкунанда будани дарс, ҷанбаи амалии дарсро хуб истифода кардан ва ғайра метавонад ҷавононро ба иҷрои кори мустақилона сафарбар кунад, ки дар натиҷа шавқи донишҷў ба дарс бедор хоҳад шуд.
«Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерўи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерўи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерў метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сўзанда». Маълум гардид, ки қариб аз нисф зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медодааст. Аз ин рў, хато намекунем, ки нерўи пешбарандаи ҷомеаянд. Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд. Калимаи дигар, яъне сўзанда баръакси ин гуфтаҳост. Яъне, шарҳаш чунин аст, ки ҷавонон аз илми ахлоқ дур бошанд ва ҳушу ёдашон ба майю қимор, дуздию ғоратгарӣ ва дигар рафторҳои бади инсонӣ равона бошад, пас кишвар аз дасти чунин нафарон месўзаду хокистар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ба чунин харобкориҳо наовардани давлат ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки саъю талош кунем, то руй ба илмандўзӣ биоварем. На номи худро дар ҷомеа паст кунем ва на номи давлати хешро.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва дар яке аз мулоқотҳояшон Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат қайд карданд, ки «Мо бояд аз нерўи ақлонии ҷавонони кишвар ба таври зарурӣ истифода барем. Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва муассисахои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки дар назди таълимгоҳҳои худ марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳҳо ва нуктаҳои маълумотдиҳӣ таъсис дода, фаъолияти кафедраҳо, кабинету лабораторияҳоро пурзўр намоянд ва барои дастгирии донишҷўйёни лаёқатманд ва боистеъдод замина фароҳам оваранд».
Бале, хушбахтона, имрўзҳо алалхусус бо дастгириҳои роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад.
Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин, масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд. Бинобар ин ҷавонон маҳз, дар ҳамин синну сол ба дастгирӣ ва марҳамату маслиҳати калонсолон ва созмонҳои мухталиф эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин зарур аст, ки истеъдодҳои ҷавонро саривақт дастгирӣ кунем. Барои ташаккули шахсият, ба ҷавонон бовар карда, ба онҳо вазифаҳои масъулро супоридан лозим аст. Натиҷаи инро мо дар марҳалаи ҳозираи ҳаёти ҷумҳуриямон, дар фаъолияти кадрҳои ҷавону болаёқат ба хубӣ мушоҳида менамоем. Ҷавононро зарур аст ки бо қувваи дучанд кор карда, илму ҳунар ва дониш андўхта, таҷрибаи соҳаҳои гуногуни ҷаҳониро аз худ намоянд. Илова бар ин агар ҷавон ҳар қадар, ки қувват ва дониши худро саховатмандона сарфи халқу Ватан намояд, ҳамон қадар бойтару ғанитар шуда, обрўю мартабааш дар байни мардум афзунтар мегардад.
Ҷавонон ҳамчун нерўи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.
Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд. Дар ин робита, тарбияи ватандўстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳамзамон, мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд.
Давлат ва ҳукумати ҷомеаи имрўз корҳои зиёде баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши ҷавонон ба анҷом мерасонанд. Имконияти тенхникӣ ва дастрасӣ ба маълумот ва васоити донишандўзӣ бештару беҳтар аз пештар аст.
Робита ва ҳамкорӣ бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҳукумат маҳсуб мешавад. Таъсис додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, ташкили стипендияҳои президентӣ, ташкили ҷоизаҳои махсус барои олимону ихтироъкорони ҷавон далели муътамади ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар кишварамон 23-юми май Рўзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.
Илова бар ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳое, ки ба муносибати Рўзи ҷавонон баргузор хоҳад гашт, ин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони фаъоли кишвар мебошад. Баргузории ин чорабинии муҳим бори дигар шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус дошта, барои баровардани ниёзҳову ормонҳои онҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Дар ҳар давру замон ҷавонон ҳамчун гурўҳи иҷтимоии бонуфўз ва нерўи тавоно баромад намуда, масъулияти бузургеро бар дўш доранд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳўкумати кишварамон ҳамаҷониба кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароитҳои боз ҳам муносибро фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомўз дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш бар мегарданд. Аз ин рў онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гўшае канори ҷаҳон низ бошем, фаромўш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии милиямонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фархангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрўз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст.
Хулоса, фаромўш набояд сохт, ки имрўзу фардо ва пасфардои ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавонон ҳаст.
РУХШОНА Каримова,
сармутахассиси Маркази
такмили ихтисоси
Китобхонаи миллии Тоҷикистон