Олим, адабиётшинос ва рӯзноманигор Ҳамроқул Шодиқулов

Ангезаи ёд аз адабиётшиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов хабари чопи китоби ёдномаи ӯ дар шаҳри Тошканд шуд. Дар остонаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон нашриёти “Янги нашр”-и шаҳри Тошканд ёдномаи Ҳамроқул Шодиқуловро бо номи “Нишони некномӣ” бо сифати баланд аз чоп баровард. Китоб  бо ибтикори номзади илми филология Амина Шарофиддинова рӯйи чоп дидааст ва он аз ин шаш бахш иборат аст:   «Зиндагӣ ва фаъолияти устод Ҳамроқул Шодиқулов», «Сирати хеш ба чашми дигарон бояд дид», «Шаҳди ёди дӯст», «Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор», «Номаҳо ифшогари рози диланд», «Сояи дасти дӯст».

Ҳамроқул Шодиқулов  18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи  вилояти Самарқанд  дар оилаи деҳқон таваллуд  ёфтааст. Соли 1956  мактаби миёнаро хатм намуд. Худи ҳамон сол  ба шуъбаи забону адабиёти  тоҷики  Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ дохил шуда, соли 1961 онро хатм кардааст.  Ду соли баъди донишгоҳ (солҳои 1961-63) дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Ўзбекистон муаллими фанни забону адабиёти тоҷик ва мудири қисми таълим буда, аз соли 1963 ба Душанбе омад ва дар  Иститути забон ва адабиёти ба номи  Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохт.

Нахустин мақолаҳои адабию танқидӣ ва тақризҳояш соли 1961 дар саҳифаҳои матбуот чоп шудаанд. Доир ба масъалаҳои адабиёти  муосири тоҷик, танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ, равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти рус ва дигар халқҳоиИтиҳоди Шӯарвӣ, пайвандҳои байналхалқии адабиёти тоҷик ва ғайра мақолоти зиёде таълиф кардааст. 

Солҳои 1966-68 коромўз – муҳақиқи Институти  адабиёти ҷаҳон ба номи А. М. Горкий АИ СССР дар Маскав буд. Солҳои 1972-73 дар курсҳои олии мунаққидони адабии Институти адабиёти ба номи А. М. Горкий Иттифоқи нависандагони СССР дар Маскав таҳсил карда, соҳиби дипломи «Мунаққиди адабӣ» гардидааст.

Солҳои 1961-1963 мухбири ғайриштатии «Ҳақиқати Ўзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») дар вилояти Сурхандарё буд. Узви Иттифоқи нависандагони СССР дар Маскав (соли 1974), номзади илми филология (соли 1977), ходими калони илмӣ (соли 1991), аъзои ассотсаттсияи байналхалқии рўзноманигорони Тоҷикистон (соли 1995) мебошад. Ба ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидааст

Муаллифи 8 китоби илмӣ – оммавӣ, бештар аз 250 мақола ва такриз мебошад. «Мирсаид Миршакар» ва  «Ленинома» - и ў (соли 1972) «Устоди бузурги ҳаҷв» (Дар бораи Салтыков – Шедрин, (соли 1978), «Таронасароии ватан» (дар бораи Ҳ. Юсуфӣ, нашрҳои солҳои 1973-1987), «Пайванди дўстӣ ва бадхоҳони он» (соли 1978, бо ҳамқаламии Муҳаммадҷон Шакурӣ), «Инқилоби Октябр ва адабиёти тоҷик» (соли 1984), «Реализми танқидӣ» (соли 1976), «Абдулқосим Лоҳутӣ» (бо ҳамқаламии А. Абдуманнонов ва Х. Отахонова, соли 1987), «Нобиғаи шеър» (дар бораи М. Турсунзода, Маскав, соли 1986) аз ҷумлаи китобҳои алоҳидаи вай аст. Мақолаву тақризҳояш аз вазъи кунунии адабиёти тоҷик дар матбуоти Руссия ва дигар ҷумҳуриҳо ба табъ расидаанд. 

Пажуҳишгарон фаъолиятҳои илмии Ҳамроқул Шодиқуловро дар ду самт барҷаста медонанд: таъсири адабиёти халқҳои дигар ба адабиёти тоҷик ва таъсири адабиёти тоҷик ба халқҳои ҷаҳон”.

Ҳамроқул Шодиқулов 10-уми декабри соли 2007 дар синни 69-солагӣ аз олам гузашт.

фароҳам омада, дар он ҳаёт ва фаъолияти илмиву иҷтимоии профессор Ҳамроқул Шодиқулов ба таври муфассал мавриди арзишдоварӣ қарор гирифтааст. Дар маҷмӯа нигоштаҳо ва анбоштаҳои муаллиф Амина Шарофиддинова ва ҳамчунин мақола, мусоҳиба ва хотираҳои шогирдон, дӯстону ҳамкорони мавсуф гирдоварӣ шудаанд. Ин китоб номаҳо, соядастҳо ва  феҳристи му каммали осори зиндаёд Ҳамроқул Шодиқуловро фарогир аст. Донишмандони варзида Валӣ Самад, Садрӣ Саъдиев, Абдусалом Самадов, Анзурати Маликзод, Аслиддин Қамарзода, Мирзои Муллоаҳмад, Абдухолиқ Набавӣ, Абдусаттор Нуралиев, Юсуф Акбарзода, Ҷумъабой Азизқулов, Шоҳзамон Раҳмонов ва дигарон ёдномаву хотираҳои ҷолиберо дар шинохти шахсият ва осори ин пайвандгари маъруфи дилҳо ва адабиётҳо баён намудаанд.Аз Ҳамроқул Шодиқулов дар Китобхонаи миллӣ метавон ин асарҳо ва мақолаҳоро хонд:

                                  Осор

Шодиқулов, Ҳ. Реализми танқидӣ. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 24 с.

Шодиқулов, Ҳ. Устоди наср. – Душанбе, 1979. – С. 30-31.

Шодиқулов, Ҳ. Самараҳои судбахши як ҳамкорӣ. – Душанбе, 1981. – С. 40-41.

Шодиқулов, Ҳ. Соҳибэъҷоз. – Душанбе, 1981. – С. 34-37.

Шодиқулов, Ҳ. Инқилоби Октябр ва адабиёти тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1984. – 29 с.

 Шодиқулов,Ҳ., Шарофов, Н. Дастурамали хуб: Баъзе мулоҳизаҳо  доир ба дастурамал оид ба ҷамъ кардани эҷодиёти даҳанакии халқ                     // Узбекистони сурх. – 1961. – 2 июл.

Шодиқулов, Ҳ. Шаъни омўзгорро азиз дорем: Муҳокимаи  мақолаҳои   Н. Г. Заглада ва И. Д. Леонов // Ўзбекистони сурх. – 1962. – 7 октябр.

Шодиқулов,Ҳ. Тоҷикистон ба ҷашни Ҷомӣ: Ба пешвози 550 солагии зодрўзи А. Ҷомӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1964. – 16 декабр.

Шодиқулов, Ҳ. Ду ҷилди аввали қуллиёти А. Деҳотӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1965. – 20 август.

Шодиқулов,Ҳ. Ашъори Зулфия дар диёри тоҷикон // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1965. – 24 ноябр.

Шодиқулов,Ҳ. Ҷасорат ва кори қаҳрамонӣ: Доир ба санъати тарҷума     // Маориф ва маданият. – 1971. – 11 декабр.

Шодиқулов, Ҳ. Офтоби  назми сотсиалистӣ. – Душанбе,1985. – Ҷ.1,2. – С. 3-21.

Шодиқулов, Ҳ. Сухани деҳқон: Сокинони деҳаи Арақчии совхози «Чорбоғ»- и райони Ленин 100 солагии шоир Саъдулло Рабииро ботантана ҷашн гирифтанд // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 16 январ.

Шодиқулов, Ҳ. Сафири маданияти тоҷик / Тарҷумаи Шавқат Ниёзӣ // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 24 декабр.

Шодиқулов, Ҳ. Бузургдошти Лоҳутӣ дар Ўзбекистон: Ба истиқболи 100 солагии зодрўзи шоири инқилобии Шарқ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 1 декабр.

Шодиқулов. Ҳ. Ҳамсоли инқилоб: Адабиётшинос ва мунаққиди соҳибтаҷриба Юрий Бобоев ба муносибати 70 солагиаш // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 29 октябр.

Шодиқулов, Ҳ. Лоҳутӣ ва Горкий: Тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 30 август.

Шодиқулов, Ҳ. Тадқиқоти пурарзиш: Адабиётшиноси ҷавон Нурмуҳаммади Одина // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 7 апрел.

Шодиқулов, Ҳ. Охирин мулоқотам  бо шарикдарси Ҳабиб Юсуфӣ: Шоир Ҳ. Юсуфӣ бо муаллиф // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 12 октябр.