Доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар фазои маҷозӣ сомонаи худро фаъол кардааст.
Ин сомона, ки бо суроғаи sns.tj қобили дарёфт аст, зиндагинома, осор, мақолаҳо, ёддоштҳо, суҳбатҳои видеоиро дар бар гирифтааст.
Сайфиддин Назарзода аз пуркортарин олимони забоншиноси кишвар аст. Аз соли 1991, ки вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар мавзуи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забон тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» рисолаи докторӣ ҳимоя кард, то кунун дар ҳамин ришта даҳҳо мақолаву китобҳо навиштаву дар рушди илми забоншиносии кишвар саҳми пурарзиш гузоштааст.
Дар таҳияи фарҳангномаҳо, луғатҳо, аз ҷумла “ Асноди додраси тафтишоти пешакӣ”, “Луғати истилоҳоти иқтисодӣ” (русӣ-тоҷикӣ), “Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти гумрук”, ”Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳарбӣ”, “Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ”, “ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ва ғайра саҳм доштааст.
Дар бораи мушаххасоти зиндагинома, асарҳо, мақолаҳо ва дигар фаъолиятҳои олим шумо метавонед ба осонӣ аз сомонаи мавррди назар маълумот пайдо кунед.