Рӯзи ҳифзи кӯдакон: намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-05-20 16:09
Ба пешвози Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Шуъбаи хизматрасонии махсус бо гирдоварии бештар аз 30 номгӯй китобҳои гуногуни намоиши китоб доир кард.
Хонандагон ҳоло метавонанд дар гӯша китоби “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”-ро мутолиа кунанд. Ин китоб энсиклопедист ва дар бораи таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳо дар таърихи башар, шинохти ниёгон, маълумоти хеле мухтасар, вале басо ҷолиб дар бораи ҷирмҳои осмонӣ, олами ҳайвоноту наботот ва одам, санъат, ҷуғрофиё, кашфиётҳои нодири олам ва ғайра баҳс мекунад.
Китоби “Зафар”, ки нахустин қиссаи Зоҳир Ҳасанзода аст, масъалаҳои муҳити иҷтимоиро ба риштаи тасвир кашидааст.
Дар ин намоиши китоб хонандагон метавонанд бо асарҳо чун “Шоҳзодаи хурдакак”-и Эрнест Хеменгуей, “Ширинкома”-и Раҳмат Назрӣ, “Детективҳо барои наврасон”, “Конвенсия барои ҳуқуқи кӯдак”, “Таълими кӯдакони имконияташон маҳдуд дар доираи муҳити фарогир” ва
ғайра шинос шаванд ва онҳоро дар толори шуъба мутолиа намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 1-уми июн дар сар то сари олам Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад.