Нақши китоб дар ҷамъияти муосир

Вазифаҳои муҳимтарини китоб – ин нигоҳ доштани донишҳое, ки асрҳои зиёд ҷамъ шудаанд ва гузоштани онҳо барои наслҳои оянда мебошад. Бо шарофати ин дар садсолаи охир ба одамизод муяссар  гардидааст, ки дар илм ба мувафақаятҳои бузург ноил гардад. Бисёре аз ихтироотҳои илмӣ дар асоси маълумотҳои пештараи систематизатсиякардашуда ва натиҷаи таҷрибаҳо аз ҳама гушаҳои ҷахон кашф шудаанд. Донишҳое, ки мо аз китоб мегирем, ба мо кумак мекунанд, ки вақти худро барои он чизҳое, ки алакай аз ҷониби касе кашф шудаанд сарф накунему ба пеш ҳаракат намоем

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуда: “дар баробари пешрафту тараққиёти босуръати ҷаҳони имрўза нақш ва мақоми китоб дар ҷомеа ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ пайваста боло меравад”.

Ин байт ҳам ба мукаррам будани китоб таъкид дорад:

Бе китоб эй дустон бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

Китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши бориз дорад. Аз ин рў дар ҳар як хонадони мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мақому манзалати китоб, китобхонаи шахсӣ дар ҷои аввал меистад, то ки наслҳои имрўзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омўзанд. Дар ин самт волидон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.

Барои мо ҳатто тасаввур кардани зиндагиамон бе китоб душвор аст. Мо аз овони хурдӣ ба китоб одат кардаем. Ин ганҷинаи дурри маънӣ барои мо сиру асрори гуногунеро боз намуда, дар лаҳзахои душворӣ маслиҳатгари мост, то ки мо тавонем худро бишносем.

Вазифаҳои муҳимтарини китоб – ин нигоҳ доштани донишҳое, ки асрҳои зиёд ҷамъ шудаанд ва гузоштани онҳо барои наслҳои оянда мебошад. Бо шарофати ин дар садсолаи охир ба одамизод муяссар  гардидааст, ки дар илм ба мувафақаятҳои бузург ноил гардад. Бисёре аз ихтироотҳои илмӣ дар асоси маълумотҳои пештараи систематизатсиякардашуда ва натиҷаи таҷрибаҳо аз ҳама гушаҳои ҷахон кашф шудаанд. Донишҳое, ки мо аз китоб мегирем, ба мо кумак мекунанд, ки вақти худро барои он чизҳое, ки алакай аз ҷониби касе кашф шудаанд сарф накунему ба пеш ҳаракат намоем. Боз хушбахтии мо дар он аст, ки маҳз тавассути китоб мо метавонем аз шоҳасарҳои адабиёти қадима илҳом бардорем.

Муошират бо китоб ба одам барои инкишоф ёфтан ва мукаммал шудан ёрӣ медиҳад. Охир барои фаҳмидани мафҳуме, ки муаллиф мехоҳад ба хонанда бирасонад бояд китобро бо диққат ва амиқфикрона хонда, қобилияти таҳлил кардани маълумотро дошта бошем. Ва агар ин ба хонанда муяссар гардад, пеши ў дунёи рўйдодҳои хеле зебо, ҳиссиётҳои самимонаи амиқ ва кашфиётҳои зеҳнӣ кушода мешавад.

Дар ҳама давру замонҳо ба китоб ҳамчун ба чизи муқаддас муносибат мекарданд. Китобе, ки чанд аср пеш навишта шудааст, ба мо кўмак мерасонад, ки мо фикрронӣ ва ҷаҳонбинии гузаштагонамонро дарк намоем ва ба ин восита тавонем ҷавҳари асрори инсониро боз намоем. Ба туфайли китоб мо метавонем таҳаввули ҷаҳонбинии инсон, ташкилёбии ҷамъият ва қоидаҳои ахлоқиро таъқиб намоем. Китоб дар худ ҳама таърихи мавҷудияти моро дар рўи Замин нигоҳ медоранд.

Даҳсолаи охир пешравии техника ва технологияи иттилоотӣ  бештар бошад ҳам, лекин китобҳои суннати мавқеи худро дар ҷамъият аз даст надодаанд.  Он маводҳое, ки аз шабакаҳои интернетӣ дасрас мегардад, моҳият ва муҳтавои китоби чопиро дода наметавонанд. Шахсоне, ки тарафдори хондани китобҳои анъанавиянд ҳамеша бисёранд, чунки муошират бо китоби нашршуда ҳиссиёти махсусеро водор мекунад, ба мисли оне, ки бо одами зинда муошират менамоӣ.

Барчаспҳо: