Муолиҷаи илтиҳоби шуши беморони гирифтори осеби вазнин

Китоби Р.Бердиев бо номи  “Табобати гелиоксигенӣ ва лазерӣ дар маҷмўи муолиҷаи илтиҳоби шуши беморони гирифтори осеби вазнини ҳамбастаи ҷумҷумаву мағзи сар” талоши дигарест барои осон кардани омӯзиши ин бахши тиб ба донишомӯзон.
Китоб ҳарчанд соли 2009 чоп шудааст, вале ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид гардидааст.
Дар китоб маълумотҳо оиди қонуният ва омилҳои хатари падоиши илтиҳоби шуш дар давраи шадиди осеби вазнини ҳамбастаи ҷумҷумаву мағзи сар оварда шуданд. Нишон дода шудааст, ки илтиҳоби шуш дар давоми ҳафтаи аввали баъди осеб дар натиҷаи тағйиротҳои эътимолии системаи бронху шушҳо инкишоф меёбад. Ҳангоми ҳамбастагии табобати шиддатноки гелиоксигенӣ бо шуозании дохилирагии лазерии хун дар заминаи муолиҷаи маҷмўии маъмулии осебдидагони гирифтори илтиҳоби шуш дар 9% ҳолатҳо ташхис карда шуд.
Китоб барои доираи васеи мутахассисон-ҷарроҳони асаб, невропатологҳо, реаниматологҳо ва патологоанатомҳо пешбинӣ шудааст.

Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил
ва ташхиси адабиёт.

Барчаспҳо: