Субҳи имрӯз, 26-уми март бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – таълимӣ таҳти унвони «Маърифат чароғи саодат аст» баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарони муассисаи таҳсилоти умумии назди Донишгоҳи тоҷикӣ – славянӣ, хонандагони мактаб ва кормандони КМТ ширкат варзиданд.
Ҳадафи ҳамоиш насли наврас ва ҷавононро дар рўҳияи маънавӣ дар партави Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон», ҷалби муштариёни ҷавон ба КМТ ва шиносоӣ ба фаъолияти панҷсолаи КМТ роҳандозӣ шуда буд.
Директори муассисаи таҳсилот Пирова Светлана Нурмухаммадовна зимни сухани итфтитоҳӣ дар бораи Шартномаи байни КМТ ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди «Даъват ба китоб ва китобхона» дар омўзиши илму маърифат беҳтарин иқдоми нек арзёбӣ карданд.
Сардори шуъбаи АБК Моҳира Бахшова дар мавзуъи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон – маркази илму фарҳанг » оиди дастовардҳои КМТ дар панҷ сол суханронӣ кард.
Директори китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи назди ДДТС Кан Жанна Инокентьевна оиди саҳми китобхонаҳои соҳавӣ дар ҳаёти насли наврас инчунин ба маъмурият ва кормандони КМТ барои ҷалби хонандагон ва ҳамкорӣ бо шуъбаи АБК изҳори сипосгузорӣ намуданд.
Мутахассиси пешбар Зумратбӣ Эмомова дар бораи ташрифи муштариён ба КМТ қабул ва хизматрасонӣ ва дигар қоидаҳои зарурӣ маълумот мушаххас дод.
Дар ин нишаст масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди суҳбат қарор гирифт ва иқдоми кормандони КМТ дар мавриди даъвати хонандагону донишомӯзон ба Китобхона истиқбол шуд.