Идомаи рӯзҳои низофат дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-04-10 10:59
Побели қитъаи замин, нармсозии бехи ниҳолҳо, чидани сангрезаҳо аз замин ҳосили заҳматҳои рӯзи якшанбе ва имрӯз - душанбеи кормандони Китобхонаи миллӣ будааст.
Рӯзҳои тозагиву низофат ва кабудизоркунии атроф як анъанаи дерини баҳорист. Чун баҳор худ рамзи покиву низофат аст, рамзи сарсабзиву хуррамист.
Дар ин фасли зебо, ки бидуни шак арӯси солаш меномем, бо ҳамин низофату покиаш зебост, бо сабзаву гулаш зебост, бо дарахтони сарсабзу ҳамешашукуфонаш зебост.
Рӯзи якшанбе ва имрӯз душанбе низ аз ҳамон рӯзҳои баҳорианд, ки гуруҳе аз ҷавонони Китобхонаи миллӣ дар даст бел қитъаи замин пушти собиқ кинотеатри Ҷомиро аз санглох тоза мекунанд ва онро ба як замини сарсабз табдил медиҳанд.