Намоиши китоб: Ваҳдати миллӣ –кафили сулҳи Тоҷикистони азиз
Нашр шуд 2017-04-06 18:08
Аввалин намоиши китоб бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ бо бештар аз 100 нусха китоби нашри солҳои гуногун баъди зуҳри имрӯз дар толори хониш, воқеъ дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд.
Акнун хонандагон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд дар бораи Ваҳдати миллӣ матолиби тозанашру куҳнанашр бихонанд, метавонанд вориди ин намоишгоҳ шаванд ва хеле ба осонӣ китоби мавриди назари худро пайдо ва мутолиа намоянд.
Намоиши китоб “Ваҳдати миллӣ –кафили сулҳи Тоҷикистони азиз” унвон гирифтааст ва ба 20-солагии имзои Созишномаи сулҳ бахшида шудааст. Дар он бештар аз 100 китобе, ки аз ҷониби муаллифони гуногун дар солҳои мухталиф чоп шудаанд, гузошта шудааст.
Хонандагон имкон доранд аз ҷумла, “Достони Ваҳдати миллат” (Хуҷанд -2009), “Бунёдкор”, “Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо” (Душанбе- 2015), “Ваҳдат, Давлат, Президент” – (Душанбе 2007), “Ваҳдати миллӣ” (Душанбе- 2014), “Қаҳрамони Ваҳдат” (Душанбе-2014), “Меъмори Ваҳдат” (Шодон Ҳаниф, Султони Мирзошоҳ), “Сулҳ, Ризоят, Ваҳдат” (Хуҷанд -2007), “Пешвои сулҳофарини миллат” (Хуҷанд- 2016), “Ваҳдат ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷик” (Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе), “Ҷонфишонӣ дар роҳи сулҳу Ваҳдат” (Душанбе- 2011), “Ваҳдат кафолати ҳастии миллат” (Душанбе- 2012), “Ваҳдатовар”, “Наҷотбахши миллат”, “Баёзи Ваҳдат” ва даҳҳо китоби дигарро мутолиа намоянд.
Қарор аст ин намоиши китоб то ҷашнвораи бистсолагии Ваҳдати миллӣ боқӣ бимонад.