Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ

Дар Маркази Қонуни забони тоҷикӣ имрўз 11 нафар кор мекунанд. Онҳо ба баргардонии китобҳои арзишманди нодир, таҳияи библиографияҳои марбут ба забон, ҷамъоварии маводҳо барои Осорхона, курсомўзишӣ ва таҳрири дастуру китобномаҳо ва ҳуҷҷатҳои шуъбаҳои дигари Китобхона машғуланд. Китобҳое, ки аз тарафи Марказ ба нашр мерасанд,  барои дастрасии насли наврас ба хазинаи бузурги забону адабиёти тоҷик кумак мекунад ва хазинаи Китобхонаи миллиро бо ин гуна асарҳои пурарзиш ғанитар мегардонад.

Панҷуми октябри соли 2010-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар рўзи иди забон иброз доштанд:

«Бо дарназардошти дурнамои ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Конуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, ҳамчун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он ба насли имрўзу фардои миллат хизмат намояд».

Ин дастури Президенти кишвар Ҷаноби олиро ба роҳбарӣ гирифта, дар пайи ифтитоҳи бинои нави Китобхона Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.

Барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар суханронии Президенти кишвар зикр шуда буд, марказ ба  фароҳам овардан, ҳифзу нигаҳдорӣ, тарғибу ташвиқи маҷмўи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои таърихӣ оид ба забон ва афкори забоншиносии тоҷик, бунёди бойгонии ёдгориҳои қадимаи хаттӣ ва чопии марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, ташкили Осорхонаи забони тоҷикӣ, ташкили давраҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ пардохт.

Дар Маркази Қонуни забони тоҷикӣ имрўз 11 нафар кор мекунанд. Онҳо ба баргардонии китобҳои арзишманди нодир, таҳияи библиографияҳои марбут ба забон, ҷамъоварии маводҳо барои Осорхона, курсомўзишӣ ва таҳрири дастуру китобномаҳо ва ҳуҷҷатҳои шуъбаҳои дигари Китобхона машғуланд. Китобҳое, ки аз тарафи Марказ ба нашр мерасанд,  барои дастрасии насли наврас ба хазинаи бузурги забону адабиёти тоҷик кумак мекунад ва хазинаи Китобхонаи миллиро бо ин гуна асарҳои пурарзиш ғанитар мегардонад.

Чунон ки дар боло зикр шуд, дар таркиби Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ осорхонаи таърихи забони тоҷикӣ фаъолият дорад, ки он яке аз толорҳои ҷолиби китобхона ба шумор меравад. Дар он тасвири ёдгориҳои қадима, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини таърих мебошанд, ба мо дар бораи пайдоиши хат, масири рушди таърихии забон, ташаккули илми забоншиносии тоҷик маълумот медиҳад.

Сарчашмаи дигаре, ки ба мо дар бораи таърихи забон ва хатҳои гуногуни таърихи забонамон маълумот медиҳад, китобҳову дастхатҳои қадима мебошанд. Намунаи ин китобҳову дастхатҳои қадима ва асарҳои арзишманди шарқшиносон ва забоншиносони маъруфи ҷаҳонӣ дар осорхона ҷой дода шудаанд, то ки наслҳои имрўзу фардо ба таърихи хат, забони ноб ва шеваҳои  ширини миллати тоҷик шинос шаванд, онро омўзанд ва гиромӣ доранд. Ҳамарўза теъдоди зиёди меҳмонони дохилию хориҷӣ аз толор дидан мекунанд.

Дар курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ низ то ин замон садҳо хонандагони Китобхона забонҳои инглисиву русӣ ва олмонӣ ва ғайраро омўхтанд ва теъдоди онҳо моҳ то моҳ зиёд мегардад.

Доробшоҳ Шарипов, корманди Маркази
Қонуни забони тоҷикӣ ва
омӯзиши забонҳои хориҷӣ