Дуруд ба хонанда

Ин саҳифа марбут ба Шоири халқии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин адибони нимаи дуюми қарни 20 ва аввали қарни 21 тоҷик устод Мӯъмин Қаноат хоҳад буд. Ин саҳифа аз тарҷумаи ҳоли адиби номвар оғоз мешавад ва баъдан ба номгӯи асарҳояш мепардозад. Сипас, ба навиштаҳо дар бораи адиб рӯ меорад. Баъдан муруре ҳам хоҳад дошт ба қироати ашъори адиб аз ҷониби мухлисон, ҳунармандон ва худи шоири барӯманд. Лаҳзаеро ҳам шумо, хонадагони азиз, бо наворҳои видеоӣ хоҳед гузаронд. Ва боз сайре ҳам дар саҳифаи суратҳои таърихӣ хоҳед дошт ва ҳар сурат порае аз рӯзгори шоири маҳбуб аст.

 Ин саҳифа бо талоши духтари шоири арҷманд Ширин Қаноат, ки бо дархости сомонаи Китобхонаи миллӣ бо заҳмати зиёд ҳама маводи заруриро гирд овард, таҳия гардид.

Албатта, ин таҷрибаи аввал аст ва як кори пурзаҳмате буд, ки билохира омода шуд. Ва табиист, ки он аз камбудиҳо холӣ нест. Эҳтимол дорад сабту наворҳо иштибоҳан номгузорӣ шуда бошанд. Ё мақолаҳо бе номи муаллиф омада бошад ва ё иштибоҳи дигаре роҳ ёфта бошад. Ва инҳо ҳама ислоҳшавандаанд. Агар хонандагони гиромӣ хатоеро диданд, ҳатман бо мо аз тариқи саҳифаи сомонаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук дар тамос шаванд ва бо машварат иштибоҳро ислоҳ хоҳем кард.

Чуноне гуфтам, ин таҷрибаи аввал аст ва ҳоло ҳам ҳама чизе, ки дар бораи устоди шодравон гуфтаву навишта шудааст, гирд наомадааст. Дар оянда тасмим дорем бо гироварии ҳамаи онҳо ин саҳифаро комилтар кунем. Умедворем муҳаққиқон, пажӯҳишгарон, шоирону нависандагони гиромӣ, шогирдони устод Қаноат ҳар чизе дар даст доранд, барои ҷой додан дар ин саҳифа ба ихтиёри мо мегузоранд.

Ин саҳифа барои кулли хонандагон  аст, шумо чӣ пажӯҳишгаред ва чӣ донишҷӯ ё хонандаи одӣ, барои худ ҳатман матлаби заруриро пайдо ва мутолиа менамоед. 

Бо эҳтиром, масъули саҳифа Б.Шафеъ

 

Барчаспҳо: