Даричаи ошноӣ бо “Донишнома”-и нав

 Китобу китобдорӣ дар кишвар. Воқеъан ҳам як торихи хонданиву шуниданист. Шояд касоне, ки имрӯз по ба остонаи Китобхонаи миллӣ мегузоранд, надонанд, ки то ба ин сирату сурат расидан, китобхона чӣ рӯзҳои торихиеро тай кард. Аз ҷамъоварии аввалин китобҳо то расидани теъдодашон ба миллионҳо адад.
Бале, китоби китобхона аз оғоз тадриҷан ҷамъ шудааст. Аввал аз нусхаҳое, ки парешон дар чанд соли аввал ҳокимияти советӣ дар Маскаву Тошканду Сталинободу шаҳрҳои дигар чоп шудаанд ва бо гузашти солҳо чопхонаҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ бунёд шуданд, теъдоди китобҳо афзуданд, нашрияҳои даврӣ зиёд шуданд. Лозим омад барои хонандагон толори хониш ва барои китобҳо солонҳои нигаҳдорӣ сохта шаванд.
Ва ин як торихи фарҳанги миллат аст, ки бо гузашти солҳо рушд кардааст, ғанӣ шудааст. Масъулини китобхона аз мардум ҳам китобҳои нодирро гоҳ бо пул ва гоҳи дигар ба шакли туҳфа гирдоварӣ кардаанд. Дар натиҷа як хазинаи бойи китобҳои қадимӣ гирд омаданд, ки имрӯз ҳам пажуҳиши онҳо идома дорад, ҳар сол дар бораи он китобҳо даҳҳо мақолаҳои илмиву рисолаҳо мунташир мешаванд, олимон таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Бойгонии китобхона бузургтарин сарвати миллат аст, ки асрҳо хизмат хоҳад кард.
Дар ин бора ва чандин масоили дигар дар Китобхонаи миллӣ китобе бо номи “Донишнома” мунташир шудааст, ки дар ҳақиқат як қомуси торихист, ки роҳи тайкардаи Китобхони миллиро аз оғоз то ба имрӯз дар бар мегирад.
Дар мақолаи ифтитоҳӣ Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода менависад: “Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд. Аз фарҳангистони даврони Сосониён  -  «Гунди Шопур» ёд овардан кифоят аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонию санскрит ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд.
Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳрҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи давр  -  «Сивон-ул-ҳикмат» («Савонулҳикма») бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ  –  форсӣ шакл гирифт,  чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат, таъриху забони он гардид”
.
Оре, ин торих басо аҷиб аст. Ин миллат китоб менавишт, китобхона бунёд мекард, вале аҷнабиён онро валангор мекарданд, китобҳояшро ба оташ мекашиданд. Ва Сайфиддин Назарзода бо ёдоварӣ аз он лаҳзаҳои фоҷеабор менависад: “Аммо таърих гувоҳ аст, ки китобу китобхонаҳо мушобеҳи қисмати миллати тоҷик борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни яғмогар сўхтаю хокистар шудаанд. Зиёни маънавии аз тўфони кашмакашиҳои хунин давоми асрҳо ба миллатамон расидаро мушкил аст дар тарозуе  баркашиду  аз рўи ягон меъёр арзёбӣ кард. Бовуҷуди ин тоҷики сарбаланд бо густурдагӣ ва нерўмандии тамом асло ба маҳтоб қаноат намекард ва ҳамеша аз тиразамон офтоб меҷуст, алорағми ҳама азобу азодориҳо наҳаросида ба ҷароҳатҳои маънавиаш менигарист, дилмурда, ғамгин, парешонҳолу афсурда намегашт, намегузошт, ки заминаи маънавии ҳамбастагӣ ва ҳамназарии миллат суст гардад”.
“Донишнома” намунаҳое аз маърӯзаву суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро чоп кардааст ва аз мутолиаи онҳо кас ин нуктаро дарк мекунад, ки чӣ гуна сарвари давлати имрӯзаи Тоҷикистон ба китобу китобдорӣ ва фарҳанг аҷр мегузорад. Ин воқеъият набояд пӯшида монад, ки бемуҳобо агар ҳамин ғамхорӣ ва ҳамин дарки воло намебуд, имрӯз ин китобхона ҳам бунёд намешуд ва садҳо номгӯй китоб бо гузашти солҳо дар таҳхонаҳои заҳин ба нобудӣ мерасиданд. Вале Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳар каси дигар инро дарк кард, ки китоб-сарчашмаи маънавиёти мардум аз нобудӣ наҷот дода шавад. Маҳз китоб аст, ки роҳи нобиноёнро рушан мекунад, китоб аст, ки чароғи маърифат барои раҳоӣ аз торикиҳои ҷаҳолат мегардад.
Сардори давлат борҳо дар маърӯзаҳо ва китобҳои торихии худ ишора ба рӯзгори сангини миллат дар тӯли асрҳои дароз кардааст, аз ҷумла дар бораи сарнавишти китобҳо низ ишораҳои ҷолиб ва иқтибосоти муҳим аз гузаштагон дорад, ки омӯзандаанд. Дар суҳбаташ бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2012 гуфт: “Хисороти беандозае, ки аз ҳуҷуми муғул ба фарҳангу маънавиёти мо расидааст, то ба имрўз эҳсос мегардад. Биёед, як лаҳза ба гуфтаҳои донишманди тавоно устод Саид Нафисӣ гўш андозем, ки бо сўзи дил чунин баён доштааст: «Сипоҳиёни муғул  савора ба масоҷид даромаданд, лавҳҳои Қуръонро охури сутурон, яъне чорпоён карданд, афсори аспони хешро ба дасти донишмандони замона доданд, хирадмандонро куштанд ва пас аз он ҳама иҳонат шаҳрро низ вайрон карданд. Турбати азизи Абўабдуллоҳи Рўдакии мо сипари суми сутурон шуд. Ва дар ин миён гуфтаи ў ҳам аз миён рафт ва аз он чандин ҷилд китоб, ки маҷмўаи ашъори вай буд, чизе намонд. Забони мо бе гуфтаи ў чун фарзанде бе модар аст. Агар гуфтаи вай монда буд, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ду мешуд, Унсуриву Фаррухиву  Хайёму Саъдиву Ҳофиз анбозе дигар меёфтанд. Забони порсӣ кишваре дигар аз гетӣ мекушод ва кохе дигар дар каронаи ҷаҳон меафрошт».
Ин фоҷиаҳои хунини даврони пешин бояд барои инсоният сабақ гарданд, зеро ин ҷаҳони пур аз тазод, ҷангу ҷидол ва ҷоҳталабиву бузургманишиҳо моро водор месозад, ки дар ҳимояи таъриху фарҳангу  забон ва асолати милливу дастовардҳои маънавии халқамон ҳушёр бошем”.
 Дар “Донишнома” қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаву низомномаи Китобхонаи миллӣ, Барномаҳои давлатии рушди Китобхона дар солҳои   2006-2015,  2015-2020  интишор ёфтаанд ва дар як китоб гирд омадани ин санадҳои расмӣ барои торихнигорон ва мутахассисони китобшиносӣ маъхазҳои арзишманд хоҳанд буд.
Аз сӯйи дигар аз торихи китобдорӣ дар Тоҷикистон боби алоҳида ихтисос гирифтааст ва он аз 1933, ки Китобхонаи оммавии РСС Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз кард, то ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2012-ро дар бар мегирад.
Бахши дигар дар бораи китобдорони шоиста нақл мекунад ва аз касоне ёд шудааст, ки дар рушди китобдорӣ дар кишвар хизматҳои шоиста кардаанд. Мо аз ин афрод ном намебарем, чун онҳо хеле зиёданд, бархе аз олам рафтаанд ва ҷумлаи дигар собиқадоронанд ва зумрае шогирдони онҳо ҳастанд, ки имрӯз ҳам чароғи он анъанаҳои хуби китобдориро рушан нигоҳ медоранд.   
Ва дар бахше торихи зиндаро мебинем. Гузаштае, ки бӯйи солҳоро дар аксу суратҳо пеши назарҳо падидор мекунанд. Хонанда лаҳзаҳои хотирмони мулоқоти адибону олимон, ходимони сиёсиву давлатӣ ва ҳатто низомиро бо хонандагони Китобхона мебинад. Инҳо Мутеъулло Наҷмиддинов, Раҳим Ҳошим, Аминҷон Шукуҳӣ, Борис Наматиев,  Юсуф Акобиров, Силсила Бону-ҳамсари устод Лоҳутӣ, Гулрухсор, Муъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Аъзам Сидқӣ, Меҳрубон Назаров, фарҳангиёни эронӣ ва дигаронанд, ки замоне чун меҳмонони арҷманд ба китобхона ташриф овардаву бо хонандагон аз ҳар боб суҳбат оростаанд. Ҷумлае аз ин азизон имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале хотироташон дар ин суратҳо зиндаанд. Ҳатто мебинем, ки замоне маршали Иттифоқи Советӣ  С.Будёний (1959) низ ба Душанбе омадаву меҳмони олиқадри ин китобхона шудааст.
Гуфтаниҳо дар бораи “Донишнома”, ки бо заҳмати Ёрмаҳмади Сучонӣ, тақвимнигори шинохта зери назари профессор Сайфиддин Назарзода гирд омадаву дар он Гадобек Маҳмудов, Ҷамил Валиев, Муҳаммадиқбол Атоев, Фирдавс Аминов, Исмоил Саидзода, Гулбаҳор Ҳомидова, Нафиса Шаҳбозова  бори масъулият кашидаанд, зиёданд. Вале суханро ин ҷо хатм мекунем ва шуморо ба мутолиа пурраи он даъват мекнуем.
Дарёфти Китоб