Баъд аз зӯҳри 13-уми апрели соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси маркази «Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ» бахшида ба ҷашни 140- солагииҚаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмии «Ҷойгоҳи устод Садрддин Айнӣ дар фарҳанги тоҷикии давраи Истиқлол» доир гардид.
Мизи мудавварро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Мирализода Абдусалом ифтитоҳ намуд ва дар бораи нақшу мақоми устод айнӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ изҳори назар аст. Директори Китобхонаи миллӣ инчунин, аз дастовардҳои замони истиқлолият ва даврони ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, пешрафту шукуфоӣ ва созандагии кишварро маҳз ба талошҳои шабонарўзии роҳбари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марбут донист.
Баъдан, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи Давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин дар мавзўи “Садрддин Айнӣ: замон, ҳақиқат ва абадият”, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Шоҳзамон Раҳмонов дар мавзўи “Се кори муҳим ва бахайри устод Садрддин Айнӣ”, декани факултаи филологияи ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзуи “Образи Устод Айнӣ дар таълифоти Сотим Улуғзода”, ходими калони Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзўи “Бурду бохти айнишиносӣ дар замони Истиқлол ” маърӯза карданд.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқони ҷавон ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.