86 соли фаъолияти Шуъбаи коркарди адабиёт

  Ба оғози фаъолияти шуъбаи коркарди адабиёт 86 сол пур шуд. Бо таъсис ёфтани Китобхонаи шаҳрӣ дар соли 1933 дар Ҷумҳурӣ шуъбаи коркарди адабиёт низ фаъолияти хешро оғоз намуда, тайи 86 соли фаъолияташ дар корбурд намудани адабиётҳои ватанию хориҷӣ нақши калидӣ дошт.

  Шуъба то ин дам вазифаи коркарди тамоми фондҳои Китобхонаҳоро иҷро менамояд. Дар ин навбат шуъбаи коркарди адабиётро дар Китобхонаҳои бонуфуз қадимию муҳим шуморидан дуруст меояд. Умуман фаъолияти майдони коркарди адабиёт васеъ буда,  дар дохили худ боз як қатор бахшҳоеро низ то ин дам ташкил намудааст, ки имрўз унвони шуъбаро ба худ касб кардаанд. Маҳсули фаъолияти коркарди адабиёт хосатан доираи васеъи фонди Китобхонаро ташкил менамояд.

  Феҳристнигорӣ як бахши муҳими шуъбаи коркарди адабиёт буда, то соли 2012 дар тобеъият фаъолият доштааст. Бо гузаштан ба бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахши феҳристнигориро аз тобеъияти шуъбаи коркарди адабиёт бароварда, ҳамчун шуъбаи алоҳида дар Китобхонаи миллӣ фаъолияташро мустақилона ба роҳ монаанд.

 

 То ҳол фаъолияти шуъбаи феҳристнигорӣ ба коркард намудани худи шуъбаи коркарди адабиёт рабт дошта, он маводҳое, ки шуъба ба барномаи «Алеф» ҷой медиҳад, довталабони шуъбаи феҳристнигорӣ аз он баҳра мебардоранд. Ҳамчунин шуъбаи коркарди адабиёт дар бунёди феҳристҳои чопӣ ва электронии хизматии Китобхона, такмили феҳристҳо бо навиштаҷоти нави библиографӣ ва таҳрири онҳо, рақамгардонии ҳуҷҷатҳо пеш аз нашр тибқи ҷадвалҳои ТКБ (ББК) ва ТДУ (УДК)  саҳми босазо мегузорад.

   Шуъбаи мазкур инчунин барои расонидани ёрии амалию-методӣ ба шуъбаҳои Китобхона ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои коркарди адабиёт ва ҷорӣ намудани ҷадвали таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ва ҷадвали таснифоти даҳрақамаи умумӣ саҳм дорад.  

 Бо заҳмат ва саъю кўшишҳои пайвастаи кормандони собиқадораш, имрўз низ шуъбаи коркарди адабиёт метавонад тамоми он ҳуҷҷатҳои ба фондҳои Китобхона воридшударо коркард намуда, ба хонандагону довталабони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  пешкаш намояд.  

Марҷона Ашурова