Агар инсон аз хурдсолӣ афсона шунавад, афсона хонад, афсона донад, зиндагии ӯ дар оянда низ зебову гуворо хоҳад шуд. Чунки афсона ба инсон дарси ҷавонмардиву қаҳрамонӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, далериву шуҷоатманд, меҳрубониву вафодорӣ ва садоатмандӣ омӯхта, барои амалӣ намудани орзуҳои ширину рангинаш ҳидоят менамояд.
Афсона аз замонҳои қадим то имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз кишвар ба кишвар гузашта, суфтаву равон мегарданд ва боз ҳам такмил меёбад.
Беҳуда нест, ки бузургону адибони ҳамаи ҳалқҳо ба ин сарвати бебаҳои халқӣ аҳамияти махсус дода, онҳоро ҷамъоварӣ ва ба наср
Имрўз илм собит намудааст, ки ташаккули биологии майнаи кўдак дар шаш соли аввал аст ва баъд аз он қатъ мегардад. Ва ҳар донише, ки кўдак ба ҳангоми ташаккули майна (яъне то ҳафтсолагӣ) бармедорад, дар майнаи ў барои ҳамешагӣ нақш мебандад, чунонки бузургони мо гуфтаанд «ба манзалаи нақш дар санг» аст. Донишманди маъруфи замони муосир Гленн Доман (1919–2013), ки китобҳои ў аз серхаридортарин китобҳои олами имрўз дар бахши таълиму тарбияти кўдаканд, мефармояд, ки ҳар қадар бо кўдак дар солҳои аввали ҳаёти ў машғул шавем, нерўи ақлониаш ба ҳамон андоза зудтар инкишоф меёбад ва ҳар чӣ зиёдтар ҳаракат кунад, инкишофи майнаи ў бештар сурат мегирад. Кўдакони ду-сесола метавонад ба осонӣ
Зарфи ду ҳафтаи аввали моҳи октябр 1589 нафар хонандагон вориди толори кӯдакон ва наврасон шуданд ва Назира Толибова-сардори шуъба инро навиде аз афзоиши таваҷҷуҳи наврасон ба китоб ва китобхона медонад.
Шуъбаи кӯдакон ва наврасон аз афзоиши бесобиқаи хонандагон дар толори хониш хабар медиҳад. Бино ба оморгирии ахир зарфи ду ҳафтаи гузашта 1 ҳазору 589 нафар хонандагон вориди толори хониши ин шуъба шудаанд.
Маҳфили навбатии “Дар суҳбати соҳибдилон” бо ширкати шоираи маъруф Раънои Мубориз баргузор шуд ва ширкаткунандагон имкон доштанд бо шоира дар бораи ашъораш баҳс кунанд.
Мавзуъи Ватан, модар, замон дар муколамаи ширкаткунандагони маҳфили Дар суҳбати соҳибдилон бо шоираи маъруф Раънои Мубориз баҳс шуд.
Чун анъана субҳи имрӯз, панҷшанбе дар Шубаи кўдакон ва наврасон маҳфили эҷодии «Дастони моҳир» баргузор гашт. Мавзуъ тасвири гурба аз назари атфол буд ва дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат карданд.
Мураббӣ дар оғоз мавзуъ ва ҳадафи онро шарҳ дод ва барои он ки бачаҳо тасаввури бештар ҳосил кунанд, аз филмҳои ҳунарии машҳуре чун «Том ва Ҷеррӣ», «Хонаи гурбача» ёдовар шуд. Ин
Чоруми сентябр Рӯзи китоб аст. Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои хосе дар назар дошта шудаанд. Рӯзи хосест, ки ҳамагон аз китоб сухан хоҳанд гуфт. Рӯзест, ки китоб ва китобхона таблиғ мешавад. Ҳамчуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуда: “Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву