“Ҳамешабаҳор” ҳамоиши навбатии худро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон барои хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ доир намуд.
Шоири маъруф Хайандеш-масъули ин маҳфили ҳамеша ҷолиб дар суханони муқаддамотии худ гуфт, ки “ҳадафи ин нишаст пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон аст. "Ҳамешабаҳор" талош мекунад истеъдодҳоро дар миёни ҳама одамон, ҳар синну сол пайдо ва муаррифӣ
Дар остонаи ин ҷашни пуршукуҳ дар маҳфили “Дастони моҳир” супориш ба хонандагон оро додани арчаи солинавӣ буд. Ва мураббиён аввал дар бораи Соли нав ва арчаву бобои барфӣ маълумот доданд.
Ороиши арчаи солинавӣ чӣ таърихе дорад?
Аслан ороиши арчаи солинавӣ ба замонҳои қадим, вақте одамон бутпараст буданд, иртибот дорад. Он замонҳо дар арафаи Соли нав, ки дар Русия моҳи март ҷашн мегирифтанд, ҳамаи дарахтонро ҳамин гуна оро медоданд.
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Тирамоҳу Меҳргон. Барои мо ду мафҳуме, ки тавъаманд. Тирамоҳ танҳо фасли хазон нест, фасли ҳосил, фасли зеботарини сол, ки табиатро бо қабои заррин мепӯшад. Ва дар ин фасл деҳқон ҳосили заҳмати худро меғундорад, то сардиҳои зимистон аз он нӯши ҷон кунад ва то баҳори дигар худро саломат расонад.
Ҳамин ҷашни ҳосил Меҳргон аст.
Беҳтарин туҳфа барои касоне, ки мехоҳанд забон омӯзанд. Беҳтарин дастур барои навомӯзон. Ҳар касе соҳиби ин бастаи китобҳо шавад, бо чор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва форсӣ дар бораи рангҳо, ҳайвонот, шаклҳо, алифбо, ададҳо на танҳо маълумот ҳосил мекунад, балки навиштану хондани онҳоро низ ёд мегирад.
Ва ҷолибтар аз ҳама: чуноне ишора кардем, хонанда имкон дорад ин ҳамаро якббора бо чор забон ёд гирад.
Дар даҳаи аввали моҳи сеюми тирамоҳ хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон тасаввури худро дар бораи ин фасли заррини сол рӯйи коғаз рехтанд ва ҳар гуна тасвирҳои тирамоҳӣ бардоштанд. Маълум шуд, ки бачаҳо ғайр аз хазонрез дар бораи тирамоҳ боз чизҳои зиёди дигар ҳам медонанд.
Тирамоҳи зарнисор,