хизматрасонии махсус

“Родмардони далери Ватан”

   Баъд аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҷанговарони интернатсионалист таҳти унвони “Родмардони далери Ватан” доир гардид.

   Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини

Шаст китоб тӯҳфаи Ассотсиатсияи олмонии Каритас барои хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ

  Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб бахши Тоҷикистонии Ассотсиатсияи “Каритас”-и Олмон ба Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ 60 китоб (13 номгӯй) тақдим намуд. Ёвари маъмурии Ассотсиатсия Парвиз Каримзода дар ҳузури роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва ҷамъе аз хонандагони толори хониши маъюбон китобҳоро туҳфа кард.

Баррасии китоби Раҳматуллои Раҳим “Ниёиш” дар маҳфили “Равшандилон”

   Аъзои маҳфили “Равшандилон” нишасти навбатии худро бо баррасии китоби нави Раҳматуллои Раҳим “Ниёиш” оғоз краданд. Муаллиф аз китоб чанд шеър қироат кард, ки пештар аъзои маҳфил онро нашунида буданд. Ҷойи таъкид аст, ки раҳматуллои Раҳим аз ширкаткунандагони фаъоли “Равшандилон” ва яке аз эҷодкорони умедбахш аз миёни 

Шеъри Мавзунҷон ғолиби маҳфили навбатии “Равшандилон”

Баъд аз зуҳри  25-уми декабр дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии  «Равшандилон»  доир гардид. Дар қисмати аввали маҳфил аъзоёни фаъоли шуъба чистону зарбулмасалхонӣ намуданд.

Қисмати дуюм бошад бошад шеърҳои тозаэҷоди иштирокчиён шунида шуд. Дар ин миён шеъри

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Чорабинии навбатии шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода ширкат кард ва дар сухани ифтитоҳии худ ин рӯзро ба ҳамаи ҳозирин аз ҷумлаи хонандагони фаъоли толори хониши ин шуъба муборакбод кард.
Абдусалом Мирализода гуфт, ки “аз замони ба

“Ганҷи сухан” бо ширкати Лола Азизова

Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” бо ширкати сарояндаи маҳбуб ва донандаи хуби таронаҳои классикиву халқӣ, устоди Донишкадаи санъат Лола Азизова баргузор шуд. Лола Азизова аз зумраи маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аст, ки бо таронаҳои марғубаш шумори мухлисонашро ҳамвора афзун кардааст.

Страницы