маркетинг ва менеҷмент

Ду ҳафта баъди реҳлат. Ёде аз профессор Атахон Сайфуллоев

Аз даргузашти олими маъруф, нависандаи шинохта ва пажуҳишгари пуркор Атахон Сайфуллоев инак, ду ҳафта сипарӣ шуд. Аммо ҳанӯз бар ин гумонем, ки ӯ ҳамоно зинда аст ва миёни мост. Ҳақиқат низ ин аст, ки мардони соҳибдил бо рафтани худ танҳо нақли макон мекунанд, ҳузури физикии худро дар миёни мо қатъ мекунанд, вале онҳо зиндаанд. Бахусус, олимоне чун Атахон Сайфуллоев, ки бо даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои пажуҳишии худ номи худро дар таърихи фарҳангу илми миллат абадан сабт кардаанд. Вале ин ҳама баъди

Тафреҳ. Ғазали ноб аз Хоҷаи Шероз

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат яке соғар набошад.

Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.

Ғанимат дону май хӯр дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.

Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,

Оғози барномаи даъват ба Китобхона

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барномаи «Даъват ба китобхона»-ро, ки тарҳи он соли гузашта роҳандозӣ шуда буд, дар Наврӯзи имсол аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 8-и пойтахт оғоз кард.
Баъд аз зуҳри имрӯз гуруҳе аз кормандони шуъба вориди ин мактаб шуданд ва дар мулоқот бо донишомӯзону устодон онҳоро бо Китобхонаи миллӣ ошно карданд ва дар фарҷом даъват намуданд, ки аз ин боргоҳи маърифат дидан

Рӯзи «Дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ

Рўзи «Дарҳои боз»  зиёда аз се ҳазор сокинону меҳмонони пойтахт аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми марти соли равон ба истиқболи Наврӯзи дилафрӯз Китобхонаи милии Тоҷикистон рӯзи дарҳои боз эълон кард. Дар ин ду рӯз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал меҳмон мешуданд, боз карданд. Бештар аз се ҳазор сокинони кишвар ва меҳмонони пойтахт вориди

Рамзҳои наврӯзӣ дар расмҳои кӯдакон

Озмуни беҳтарин тасвири наврӯзӣ миёни хонандагони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ нишон дод, ки атфол аксаран дар бораи Наврӯз медонанд ва рамзҳои онро метавонанд тасвир кунанд.
Дар толори шуъбаи Кўдакон ва наврасон тибқи нақшаи кории шуъба бахшида ба рўзи Модарон ва ҷашни байналмиллалии Наврўз озмуни расмкашӣ баргузор шуд.
Мураббӣ ба бачаҳо қабл аз шуруъи озмун дар бораи

Страницы