Зарфи як ҳафтаи охир шумори аъзои нави Китобхонаи миллӣ 1833 нафар афзуд. Аксари инҳо донишомӯзони донишгоҳу донишкадаҳо ва хонандагони мактабҳои миёна буданд.
Силсилавохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён, ки тибқи барномаи “Даъват ба Китобхона” сурат мегирад, як сабаби ҷалби бештари хонандагон ба Китобхона шудааст.
Тибқи ин барнома кормандони 28 шуъбаи Китобхонаи миллӣ вазифадор шудаанд,
Дар Рӯзи ҷавонон гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ вориди боғи ба номи устод Рӯдакӣ ва боғи Парчами миллӣ шуданд ва аз касоне, ки сайри боғ омада буданд, даъват карданд, ки ба Китобхона низ оянд.
Ин иқдом дар доираи барномаи “Даъват ба Китобхона” сурат гирифт ва гуруҳи кормандон дар даст буклету варақаҳои таблиғотӣ аз ҷавон хостанд, то ба Китобхонаи миллӣ қадам ранҷа кунанд ва аз китобҳои ин боргоҳи маърифат
Сабқати футбол миёни дастаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз рӯзи 12-уми май оғоз шуда буд, шоми гузашта ҷамъбаст гардид.
Бозии финалӣ миёни тимҳои шуъбаҳои хизматрасонӣ ба муштариён ва илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор ва дастаи шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ғолиб ва сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби тими шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён шуд.
Ғолибон сазовори Ҷоми Китобхонаи миллӣ ва туҳфаҳои хотиравии Китобхона ва Кумитаи
Сабқати футбол миёни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз 12-уми май оғоз шуда буд, ҳамоно идома дорад. Ин мусобиқот ба истиқболи Рӯзи ҷавонон созмон ёфтааст ва қарор аст гуруҳҳои пешсаф дар ниҳояти кор бо ҷоизаҳои роҳбарияти Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.
Аз сӯйи дигар созмондиҳандагони бозиҳои варзишӣ бар ин назаранд, ки шуғли варзиш
Дар “Ҳафтаи ҷавонон”, ки ба истиқболи “Иди ҷавонон” эълон шудааст, дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои варзишии бозии футбол оғоз шуданд.
Ин бозиҳо аз 12-уми май шуруъ шуданд ва дар он шаш даста миёни ҳам рақобат мекунанд.
Дар назар аст гуруҳҳои пешсаф аз ҷониби роҳбарияти Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаҳо шаванд.
Рамазон Абдулатипов, сиёсатмадор ва дипломати шинохта, сарвари Ҷумҳурии Доғистон, сафири пешини Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 11-уми май китоби худ “Халқи тоҷики ман”-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.
Рамазон Абдулатипов, ки ҳамакнун дар раъси як ҳайати баландпоя аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо масъулини Сафорати Русия, ҷамъе аз донишмандону пажуҳишгарон ва намояндагони васоити ахбори омма вориди Китобхонаи миллӣ шуд