Бештар аз 20 нафар донишомӯзони давраи омӯзишии Китобхонаи миллӣ аз фанни забони арабӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Рӯзи шанбеи гузашта маросими супурдани шаҳодатномаҳо барои афроде, ки давраи омӯзишии забони арабиро дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расондаанд, доир шуд. Боз бештар аз 20 нафар аз донишомӯзони ин силсиладавраҳои омӯзишӣ баъди супурдани имтиҳон соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
ДАР ШАБИ БОРОН
Ин шаби туршрӯи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Истиқболи баҳор ва тозагиву низофат. Аз субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба коргоҳ ҳозир шуданд, то кори шуруъкардаи рӯзҳои қаблӣ дар тозагиву озодагӣ ва истиқболи баҳорро идома диҳанд.
Дар ин рӯз ҳам корҳо барои кабудизоркунӣ, нарм кардани бехи ниҳолҳову дарахтон идома доштанд.
Аксҳо ҳикоятгари ин лаҳзаҳоянд.
Ёздаҳумин китоб аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) рӯйи чопро дид. Ин бор аз ин силсила, ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, китоби маъруфи “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ интишор ёфт. Муаллифи китоб намояндаи майдони илм ва фарҳанги асри ХII аст ва шаҳри Тӯс мутаваллид шудаву бештари умрашро дар
Тибқи таҳқиқоти олимони дунё ва мушоҳидаҳои дақиқи муҳаққиқони барҷаста маълум мешавад, ки афзалияти зиндагии инсонҳои рўи олам бешак аз мутолиаи дурусти китоб аст. Тамоми нуфузу манзалати одам аз мутолиаи бемайлони китоб ва пайваста дастрас намудани рўзномаю маҷаллаҳои машҳури давлативу ғайридавлатӣ мебошад, ки ин ба донишманд гаштани шахс ёрӣ мерасонад.
Мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо инсонро дар
Чунин номида шуд ин навбат озмуни расмкашии бачагони толори бахши кўдакон ва наврасон.
Тибқи нақшаи кории толор озмуни навбатии ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ бахшида шуд. Пеш аз оғоз кормандони бахш доир ба ин рўз ба бачаҳо маълумот доданд ва аҳамияти онро фаҳмониданд. Гуфтанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон 23-уми феврали соли 1993 таъсис шудааст ва инак, 24 сол аст, ки ин рӯзро чун Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн мегирем. Мураббиён ҳамчунин дар бораи фазилатҳои доштани Артиш