Дарсҳо барои аввалин хоҳишмандони омӯзиши забони чинӣ дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуданд
Нашр шуд 2016-12-16 18:38
Бо ибтикори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ, Гўшаи Чин дар Китобхона ва ҳамкории Маркази Конфутсий дарсҳои кўтоҳмуддати омӯзиши забони чинӣ аз тариқи шартнома шуруъ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи дарсҳо барои аввалин гуруҳ меҳмонон ва ҳайатро аз номи раёсати Китобхонаи миллӣ, муовини директор Салима Раҷабова хайрамақдам гуфт.
Сипас, Ҷумъахон Самиев оиди Гўшаи чинии Китобхона ба меҳмонон маълумот дод, намояндаи гӯшаи Чин Шабнами Азиз ба ихтиёри ҳозирин маълумоти бештаре дар бораи ин гӯша, ҳадафҳо ва нақшаҳои он гузошт. Вай гуфт, ки гӯшаи Чин ба хотири таҳкими равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Чин боз шудааст ва ҳадаф дорад бештар барои густариши равобити фарҳангӣ талош кунад.
Муаллимаҳои забони чинӣ Ҷанг Си ва Ҷанг Лий доир ба омўзиши забони чинӣ ва нақши забондонӣ дар таҳкими равобити фарҳангӣ ва сиёсии кишварҳо суханронӣ намуданд.
Бартарии дарсҳои ройгон аз шартномавӣ дар он аст, ки баъд аз хатми давраи омӯзишии кутоҳмуддат, ки се моҳро дарбар мегирад, ҳар як хонанда соҳиби сертификат шуда метавонад.
Чорабинии имрӯза ибтидои оғози дарсҳо буд ва донишомӯзон бо муаллимон ва омӯзгорон бо толибони илм ошно шуданд.
Дар қисмати дигари барнома филмҳои тасвирӣ бо забони чинӣ низ намоиш дода шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ: русӣ, инглисӣ, арабӣ, чинӣ, куриёӣ ва олмонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дарсҳоро омўзгорони соҳибихтисосу пуртаҷриба дар гуруҳҳои аз 6 то 12-нафарӣ мегузаронанд.
Барои маълумоти бештар метавонед ба Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, аз тариқи телефони 221-04-10 муроҷиат намоед.