Бо вуҷуди сардии беш аз ҳадди интизори ҳаво ин ҳафта низ тибқи барномаи аз қабл тарҳрезишуда даъват ба китоб ва Китобхона идома дошт.
Кормандони шуъбаҳои равобити байналмилалӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ба Муассисаҳои таҳсилоти умумии № 81, 82, 86, 87, 88, 90, 91-и шаҳри Душанбе рафтанд.
Ба хонандагон ва устодони ин муассисаҳои таълимӣ дар бораи азамати китоб ва хубиҳои мутолиа дар Китобхона суҳбат карданд.
Ба онҳо дар бораи шароитҳои имрӯзаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, тамоми паҳлўҳои хизматрасонӣ ва фаъолияти имрўзаи он нақл карданд.
Чун ҳарвақта масъулини барномаи мазкур аз маъмурияти Муасиссаҳо хоҳиш намуданд, ки барои ҳузур пайдо кардани хонандагон ба Китобхона дар дарсҳои кушод ва соатҳои тарбиявӣ бо онҳо бештар суҳбат кунанд.
Инчунин пеш аз анҷомёбии мулоқот ба толибилмон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.
Ҳафтаи ҷорӣ ҳамчунин як гуруҳ кормандони шуъбаҳои Медиатекаи Призидентӣ ва феҳристнигории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Бахши Донишкадаи энергетикии Москав рафтанд, то бо донишомӯзон дар бораи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он суҳбат кунанд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони Китобхона дар бораи Маркази омӯзиши забон, толорҳои хониш, китобхонаи электронӣ, тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи Китобхона, хизматрасониҳо дар толорҳо, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар Китобхона, раванди автоматикунонии Китобхона, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот доданд.
Донишҷўёни донишкадҳо оиди аъзо шудан ва дастраси ҳарчи тезтару пурратари китобҳо саволҳо пешниҳод карданд ва посух дарёфт намуданд.