Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва худогоҳии миллӣ

 Соли 2007 дар назди Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангие бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кўшише буд дар роҳи ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани китобхонаи маъруфи кишвар. Қариб даҳ сол боз ин марказ пурсамар фаъолият дорад ва дар ин муддати кўтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузошт. Дар ин мақола атрофи ҳадафи асосии Маркази «Тоҷикшиносӣ» – таблиғу ташвиқи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ сухан меравад.            

Миллатсозӣ, на миллатсӯзӣ

Ҳар қавму миллат ва халқияте, ки бо ҳукми сарнавишт ё бар асари гардишҳои таърихӣ соҳиби истиқлоли сиёсӣ ё низоми нави давлатӣ мегардад, пеш аз ҳама талош меварзад, то ки пойдовери ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятро ҳар чи бештар устувор намуда, онро дар баробари тундбоди ҳаводис бе офату газанд нигаҳдорӣ намояд. Маҳз ба ин хотир чораҳои гуногун андешида шуда, барномаҳои мухталифи кўтоҳмуддату дарозмуҳлат тарҳрезӣ мешаванд ва андешаву ғояҳои гуногун сари кор меоянд.

Таърихи башарият нишон медиҳад, ки дар ин аҳвол аксаран мафҳуму маъниҳое аз қабили «ғояи ватанпарастӣ», «ҳувияти миллӣ», «номуси ватандорӣ», «ваҳдату якдилӣ» мақоми меҳварӣ ва ҳукми бунёдӣ касб мекунанд. Аммо, мутаассифона, баъзан бо суистифода аз ин мафҳумҳои муқаддас андешаву ғоя ва барномаҳое тарҳрезӣ шуда, ба амал мебароянд, ки на танҳо ба сари халқу миллати алоҳида, балки барои башарият бадбахтиҳои зиёд меоранд. Чунин шакл гирифтани кор пеш аз ҳама натиҷаи бо ғояҳои дурўғину беасос омехтани ин арзишҳои волои инсонӣ ё дар хизмати ифроту хурофот қарор додани онҳост. Дар ин росто зиёд мисол овардан мумкин аст, ки гурўҳе ё иддае андешаҳои ғаразноку беасоси худро болои қавму миллате ё ҷомеаи башарӣ таҳмил намуда, мардумро ба гумроҳию буҳронҳои гуногун рўбарў намудаанд. Ҳарчанд ин мавзўи суҳбати дигар аст, аммо мухтасар бояд қайд намуд, ки даъвову зиёдаривиҳои диниву мазҳабӣ дар мисоли салибиёну исломнамоён, шиаву суннитарошон, миллатгароёни ҷопониву олмониву итолиёвии асри гузашта, зиёдаравон дар моддигароӣ, тарроҳони барномаи маданияти авомписанд, ки бар андешаҳои носолиму бебунёд такя мекарданд, инсониятро ба мушкилоти зиёде рўбарў намуданд.

Мақсад аз муқаддимаи боло ин аст, ки мо тоҷикон, ки имрўз дар марҳалаи навини давлатдории худ қарор дорем ва пойдевори давлати худро бар андешаҳое аз қабили «ваҳдатӣ миллӣ», «ифтихори ватандорӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлолияти давлатӣ», «таъриху фарҳанги оламшумул» ва ғайра мустаҳкам менамоем, бояд аз ин лағшишу афтишҳо огоҳии комил дошта бошем ва роҳу равиши дурусти тарғиби ватандориву давлатсозиро ба роҳ монем.

Бисёр ғамангез аст, вақте мебинем, ки дар баробари ин гуна иқдомҳои наҷиб имрўз баъзеҳо, ҳатто ба ном зиёиён, даъво пеш меоранд, ки мо бояд аз таҳқиқи таърихи гузашта дасту дил шўем, ифтихор аз гузаштагонро фаромўш созем, думболи фарҳангу тамаддуни гузашта нагардем ва ба имрўзу ояндасозӣ машғул шавем. Ин андешаҳо, албатта, то ҷое ҷон доранд, хоса қисмати охири онҳо, аммо на дар шакли мутлақ. Чунин мутолиба шиору даъватҳои инқилобиёни фарҳангии Аврупоро ба хотир меорад, ки дар назари аввал хайрхоҳона, вале дар асл хеле даҳшатафкананд. Магар ақли солим метавонад пайи ин гуна даъватҳо биравад: «Бо таърих дўстӣ карданро фаромўш намо!», «Ба нафарони аз сисола боло бовар макун!» ва даҳҳою садҳо ҳазёни дигар. Бемуҳобо, ин як навъ заҳҳокию манқуртсозии навбатист, ки бо ниқоби нав дар ҷилва омадаву доираву маҳдуда ва ҳадафаш на мағзи чанд ғулому асири ҷангӣ, балки хиради фарзанди одам аст.     

Мусаллам аст, ки тамоми инсоният, хоҳу нохоҳ сўйи оянда ҳаракат дорад, новобаста аз он ки барои ў оянда як чизи мавҳуму пўшида ва ҳатто гоҳо даҳшатнок ҳам ҳаст. Ва бебаҳс, ояндасозӣ як рукни асосӣ дар ин ҷараён аст, ки онро ҳар кас ҳар гуна тасаввур мекунад. Ҳатто он нафароне, ки даъвои бозгашт ба асрҳои гузаштаро доранд, беихтиёр ояндасозӣ мекунанд, зеро ғояву андешаҳои қадимаи онҳоро зарур аст, ки дар фазову вақти дигар нашъунамо ёфта, барои рўҳу равони дигар хизмат кунанд.

Аммо, бояд иқрор кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бе гузашта оянда сохтан имкон надорад, махсусан дар ҷодаи маънавият ва ахлоқ, ки онро ҳатто наметавон ба марҳалаҳо ҷудо намуд, зеро он як силсилаи мустаҳкамест, ки пора кардани он натиҷаҳои ногувор дорад.

Маҳз бо дарки ин ҳақиқати бебаҳс ҳукумати мо таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои ба давлатсозии навини мо иқдом намудан то ба имрўз омўзиш, тарғибу ташвиқ ва эҳёи таърихи пурифтихори моро яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо унвон намуда, дар ин ҷода корҳои назарраси зиёдеро ба нақша гирифтаву амалӣ намуда истодааст.

Ташкили Маркази «Тоҷикшиносӣ», ки дар сатрҳои баъдӣ мо перомуни аҳамияти он дар худогоҳии миллии тоҷикон ҳарф хоҳем зад, маҳз аз ҳамин андешаву барномаҳо сарчашма мегирад.

Чаро “Тоҷикшиносӣ”?

Саравввал мехостам чанд андешаеро дар бобати «Тоҷикшиносӣ» ном гирифтани марказ, ки гоҳо дар атрофи ин ном баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд, баён намоям.

Албатта, дар ҳудуди Тоҷикистон чунин ном гирифтани як маркази илмӣ-тадқиқотӣ шояд на аз ҳама ҷиҳат дуруст бошад, аммо боз ҳам мо онро дуруст меҳисобем. Чаро, зеро то имрўз (агар даврони Сомониёнро истисно кунем) миллати тоҷик камтарин имконро ҳам дар ихтиёр надоштааст, ки таъриху фарҳанг, дину оин ва расму таомули худро бо қалами таҳқиқи худ рақам занад. Ҳар чӣ дар атрофи номи тоҷик ва рўзгори ў то замони истиқлол будааст ва ҳар чӣ то ин даврон шудааст, аксаран аз дидгоҳи дигарон ва барои дигарон анҷом пазируфтаанд, яъне тоҷик чеҳраи худро аслан дар оинаи бегонаҳо муоина кардааст ва мутаассифона, на ҳама вақт ин оинаҳо бенуқсон будаанд. Ҳатто, тоҷикро ба ҷаҳониён низ дигарон муаррифӣ кардаанд, ки дар ин ҷода низ ғубори ғараз кам набудааст. Ҳатто, гумон меравад, ки маҳбубтарин ва маъруфтарин китоб дар ин росто – «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳам, агар на дар замони шўравӣ, балки дар даврони истиқлолият навишта мешуд, шояд тобише дигаргуна мегирифт.

Яъне имрўз мо ба худшиносии воқеӣ, яъне тоҷикшиносии аслӣ эҳтиёҷ дорем.

Хушбахтона, дар ин самт корҳои бунёдӣ шурўъ гардида, асарҳои таҳқиқии пурарзише ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ба нашр расиданд. Муаррихону муҳаққиқони маъруфи мо низ дар ин ҷода корҳои зиёде ба сомон расониданд, ки асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (гурўҳи муаллифон, бо забони русӣ), «Таърихи тамаддуни Ориён»-и Иброҳим Умарзода, «Давлати Каёниён»-и Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ ва боз даҳҳо таҳқиқоти пурқиммат, ки дар онҳо рўзгори миллати тоҷик бо нигоҳи нав ба қалам дода шудааст, аз он зумраанд.

Бисёр воқеъ шудааст, ки мо натиҷаи заҳмату бедорхобӣ, мўшикофию заррабинӣ ва тафаккуру тааммули гузаштагони худро дар бозорҳои пурхаридори олам дидаву аз ноогоҳӣ онҳоро нашнохтаем, ҳарчанд ба дили мо наздик будаву ба чашмамон ширин тофтаанд. Ҳатто, дар баробари он шоҳкориҳо ангушти ҳайрат газида, ба ақлу хирад ва эъҷози комили бегонаҳо таҳсину офарин гуфтаем, бехабар аз он ки ин муъҷизаҳо маҳсули бедорхобиҳои падарони мо буда.

Албатта, барои ин кор касеро гунаҳкор кардан душвор аст, зеро барои чунин ранг гирифтани воқеаву ҳодисот на шахсони алоҳида, балки ҳаводиси таърихӣ сабабгоранд ва бо алам бояд зикр кард, ки дар ин росто ҳукми тақдир ва амри таърих дар нисбати тоҷикон хеле зиёд қотеона ва ҳатто ноодилона будааст.

Аммо имрўз тақдир ва истиқлолияти комили сиёсӣ барои мо имкон фароҳам овардааст, ки гумкардаҳои худро пайдо кунем, онҳоро соҳибӣ намуда, бо бурҳону санади маҳкам ба онҳо муҳри миллати худро гузорем ва ҳамзамон тавассути онҳо худро аз нав  муаррифӣ намоем.

Имрўз барои ҳар нафаре, ки шефтаи ин хоку марзу бум аст, ҳар нафаре, ки ба гузаштаи дуру наздики худ дилбохтагӣ дорад ва ҳар нафаре, ки худро шинохтану шиносондан мехоҳад, бо файзи истиқлол ва сиёсати фарҳангпарваронаи ҳукумати кишвар имкони фаровоне барои омўзишу таҳқиқ ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои миллат фароҳам омадааст.

Дар ин марҳалаи тақдирсоз зарурати фаъолияти маркази алоҳидае вуҷуд дорад, ки бояд ҳама иқдому ташаббусҳои дар ин самт анҷомёфтаро мутамарказ ва алоқаманд намуда, ҷараёни солими худшиносии миллиро ба самти дилхоҳ ва нуқтаи муайян равона созад. Ва мо бар ин андешаем, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» бо ҳамин ном метавонад, то ҳадди зарурӣ ин масъулияти бузургро ба ҳайси як дастгоҳи махсуси шинохти худшиносии миллӣ бар уҳда дошта бошад.

Масъулияти ин марказ, пеш аз ҳама, аз исботи ин воқеият иборат аст, ки ба таърих рўй овардани тоҷикон ва иддаои фарҳанги бузург кардани онҳо, на ба хотири худситоӣ ва валвалаю худнамоист ва он танҳо ифтихор аз гузаштагон ҳам нест, балки як амри воқеиест ҷиҳати талаб кардани ҳаққи ҳалоли як миллат дар раванди ташаккули илму дониш, дину оин ва фарҳангу маърифати башарӣ. Кормандони ин марказро дар баробари анҷом додани дигар корҳо, пеш аз ҳама зарур аст исбот намоянд, ки даъвои соҳибтамаддун будани тоҷикон танҳо як иддаои хушку холӣ нест, балки воқеияти таърихӣ ва ҳақиқати фаромўшшуда ё таҳрифёфтаест, ки бояд навбинӣ шавад. Ба таври дигар ин руҷўъро метавон кўшиши дарёфти инсофу ҳақиқати таърихӣ аз тарафи меросбари фарҳангу тамаддун унвон кард.

Чуноне дар боло зикр кардем, имрўз ҷомеаи башарӣ ва махсусан давлатҳои тозаистиқлолро хатарҳои зиёди глобалӣ дар шакли терроризму экстремизм, ҷудоиандозиву душмансозӣ, бозиҳои пасипардагии абарқудратҳо, тақсимоти минтақаву марзҳо, бемориҳои сироятӣ, мушкилоти рўҳию равонӣ ва ғайра таҳдид менамоянд. Ҳар халқу миллат ва кишвару давлат дар баробари ин мушкилот барои худ бояд сипаре устувор дошта бошад. Бо ин мақсад ақлҳои пешрафтаи ҳар як кишвар барои раҳоӣ аз ин вартаи муҳлик амсилаву тасвия (модел ва формула)-ҳои гуногунро тарҳрезӣ менамоянд ва онҳоро ҳамчун барномаи рушди минбаъда таҷриба мекунанд. Хушбахтона, мо, ки таҷрибаи давлатдорию давлатсозии дерина дорем ва гузаштагони дурандешамон барои тамоми ҳолатҳои рўзгор барои мо дастуру ҳидоятҳои судманд боқӣ мондаанд, зарурат ба таҳияи барномаҳои ҳанўз таҷрибанашуда надорем. Балки моро зарур аст, ки он дастуру ҳидоятҳоро ба шароиту замон ва муҳит мутобиқ намуда, аз файзи онҳо миллати хеш ва дигар халқиятҳои оламро баҳравар намоем.

Чун сухан дар бобати баҳрабардории дигарон аз мероси гузаштагони мо меравад, беихтиёр мероси хаттии мо пеши назар меояд, ки дар он барои дарди ҳар як фард ва ҷомеаи алоҳида чораву дармоне махсус пешбинӣ шудааст. Маълум аст, ки мероси хаттии мо, аз ҷумла осори даврони бостон дар шаклҳои гуногун, ҳатто дар нусхаҳои асл (авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ, арабӣ...), дар кишварҳои пешрафтаи олам нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳатто матни онҳо бо забонҳои гуногун (арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ...) тарҷумаву ҳарфгардонӣ шуда, тавассути онҳо унсурҳои муҳими рўзгори мо ҳамчун рукни бунёдӣ ба фарҳангу маданиятҳои гуногун роҳ ёфтаанд. Мутаассифона, хонандаи имрўзаи тоҷик бо узри ноошноӣ бо имлову забони қадима аз истифодаи ин махзани бою рангин бебаҳра монда, наметавонад аз мероси гузаштагони худ пуштибонӣ намояд.

Раҳ ёфтан ба ин хазинаи гаронбаҳо ва истифодаи оқилонаи он бошад метавонад як рукни асосии худшиносии миллат, махсусан барои насли ҷавони мо бошад. Бо ҳамин мақсад роҳбар ва сарпараст (куратор)-и марказ адиб ва зиёии маъруф Назри Яздонӣ ва рўзноманигори варзида Ҳуринисо Ализода моҳи майи соли 2013 тасмим гирифтанд, ки самти асосии фаъолияти марказро ба таҳия ва нашри мероси хаттии миллат равона намоянд. Дар зимни ин ташаббус андешаи таҳия ва нашри асари бисёрҷилда (антология)-и «Тоҷнома» ба вуҷуд омад.  

Акнун чанд сухан дар бобати силсилаи «Тоҷнома»

Мақсади ниҳоӣ аз нашри ин силсилакитоб, ки зери сарлавҳаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» ба нашр расида, мувофиқи лоиҳа дар марҳалаи аввал зиёда аз 50 ҷилд асарро дар бар мегирад, дар шакли нисбатан мукаммал ва услуби илмӣ-оммавӣ барои оммаи хонандагон ва донишҷўёну муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешниҳод намудани муҳимтарин мероси хаттии тоҷикон аз аҳди бостон то даврони истиқлол ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфта мебошад. Ин баёз бояд барои муайян намудани мақому мартабаи миллати тоҷик ҳамчун яке аз нахустин офарандагони фарҳанги моддию маънавии башарӣ хизмат намуда, барои рушду суботи худшиносӣ ва ваҳдати миллати мо ҳамчун заминаи муътамад ва мусаннади илмию фарҳангӣ мусоидат намояд. Умед аст, ки ин асар дар баланд бардоштани ифтихороти миллӣ, шавқу завқи ҷавонон ба пажўҳиш ва эҷоди асарҳои адабӣ, бадеӣ ва илмию техникӣ низ бетаъсир нахоҳад буд.

Вижагии дигари ин силсила дар он аст, ки тавассути он миллати тоҷик аз тарафи муҳаққиқони бегона, ки беғаразона гузаштаи моро инъикос намудаанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ карда мешавад.

  Дар назар аст, ки пас аз ба анҷом расидани кори ин силсила он ба таври комил ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба нашр расонида мешавад.

Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб аз рўзҳои аввал мутахассисони сатҳи олӣ ва донишмандони номвари ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бобо-Назар Ғаффор, Муҳтарам Ҳотам, Муаззами Диловар, Низомиддин Зоҳидов, Муҳаммадюсуф Имомов, Абдушукур Абдусатторов, Қодири Рустам, Сайфулло Муллоҷонов, Фарангис Шарипова, Азиз Мирбобоев, Ислом Юсуфӣ ва дигарон тариқи шартнома ба кор ҷалб карда шуданд. Ҳамин тариқ дар муддати се сол китобҳои зерин ба нашр расиданд: “Авасто, «Мероси хаттии бостон», «Ғурар-ус-сияр», «Ҳудуд-ул-олам», «Таърихи Систон», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Тоҷикон»-и А. Шишов. Асарҳои дигар  «Мероси хаттии бостон» (ҷилди 2-юм), «Динкард», «Ҷовидонхирад»-и Мискавайҳи Розӣ, «Сини мулука-л-арз ва-л-анбиё»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Алӣ ибни Усмони Ҳуҷвирӣ,  асарҳои муҳаққиқи рус Д.Н. Логофед – «Кишвари беҳуқуқон» ва «Дар кўҳсор ва ҳамвориҳои Бухоро», асари Р.Г. де Клавихо «Рўзномаи сафар ба Бухоро...», «Бохтар дар масири тамаддун», дар арафаи ба чоп расидан қарор доранд.

Ва баъд....

Насли нисбатан калонсоли мо, ки аз ҷавонӣ бо илму дониш сару кор доштаанд, вақте ҷилдҳои нахустини силсилаи «Тоҷнома», аз ҷумла «Мероси хаттии бостон» ва китоби «Динкард»-ро ба даст мегиранд, пеш аз ҳама аз заҳмату душворӣ ва ҳатто маҳрумиятҳои худ дар роҳи омўзиши ин осори гаронқадр ёдоварӣ мекунанд. Аз душвории дастрас кардани ин ёдгориҳо ва мушкилоти надонистани хат ва алифбои даврони бостон қисса мекунанд. Аз он таассуф мехўранд, ки ба пояҳои баланди илмӣ расидаанд, аммо аз файзи осори гузаштагони худ то ба имрўз ба қадри зарурӣ баҳра набурдаанд. Аз ин ҷост, ки насли ҷавон – насли даврони истиқлоли кишварро хушбахт медонанд.

Пас аз таҳия ва нашри 8 ҷилди ин силсила ва истиқболи онҳо аз тарафи хонандагон, ки қисми зиёдашонро донишҷўёну муҳаққиқони ҷавон ташкил медиҳанд, имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар самти худогоҳии миллат кори арзишмандеро ба сомон расонидааст.

Масъулияти дигаре, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» ба зимма дорад, ин ташкили чорабиниҳои гуногун аз қабили конфронсу семинарҳо, мулоқоту нишастҳои гуногун бо иштироки шахсиятҳои баруманди кишвар ва ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати пурзўр намудани базаи моддии Марказ, ки аз он нафарони зиёд, аз ҷумла муҳаққиқону пажўҳандагони хориҷӣ, истифода мебаранд,  маводи зиёди таърихӣ – китобҳо, аксҳои таърихӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ, видео ва аудио-маводи фарогири суруду оҳангҳои аҳамияти баланди фарҳангидошта, ҳолномаи шахсиятҳои маъруф ва дигар маълумотҳо ҷамъоварӣ карда шуданд.

  Инчунин, масъулини марказ тасмим гирифтаанд, ки дар фаъолияти минбаъда робитаҳои илмӣ ва таҳқиқотиро бо марказҳои таҳқиқотии дохилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монанд. Мақсади дигари ин марказ амалӣ намудани робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо ҳамзабонони бурунмарзӣ аст.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва ахлоқи ҷавонон, ба таври мунтазам аз тарафи кормандони марказ мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр расонда шуда, баромадҳои телевизионию радиоӣ доир карда мешаванд, ки барои хештаншиносиву меҳанпарастии ҷавонон аҳамияти зиёд доранд.

Табиист, дар як муддати кўтоҳ марказе, ки дар заминаи холӣ ба вуҷуд омада, масъулияти бузургеро ба дўш гирифтааст, наметавонад пурра ҳадафҳои худро амалӣ намояд. Барои расидан ба ҳадафӣ аслӣ дар баробари заҳмату талоши масъулин вақту фурсати зарурӣ низ лозим аст. Хоса дар самти худшиносиву худогоҳӣ ва миллатсозӣ, ки коре бисёр нозуку сангин аст, солҳои зиёд бояд сарф шавад, то гавҳари мақсуд ба даст ояд.

Мо умед бар он мебандем, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” тадриҷан барномаҳои худро дар амал татбиқ намуда, дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик нақше сазовор мегузорад ва барои ба даст овардан ва эҳё намудани гумшудаҳову аздастрафтаҳои ин миллати куҳанбунёд корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.

Албатта, дур нест замоне, ки гарду ғубори ҳаводис аз чеҳраи ҳақиқати таърихӣ шуста мешавад ва миллати мо ҳамчун яке аз аввалин офарандагони фарҳанги моддиву маънавӣ мартабаи сазовори худро соҳиб мешавад. Чуноне олим ва мутафаккири бузурги рус М.В. Ломоносов қайд кардаанд: «Таърихи тамаддуни Осиёи Миёна ҳанўз иншо нагардидааст. Вале рўзе хоҳад расид, ки ин таърих барқарор хоҳад шуд. Ва чун Бобулистон, ҳар халқе, ки бо тўрониён дар гузашта робита доштааст, бо ифтихор номи халқи тоҷикро вирди забон хоҳад кард».

Алишери Муҳаммадӣ,
сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон