Ҳамоиши ҷаҳонии Алишери Навоӣ дар шаҳри Кобул оғоз шуд
Нашр шуд 2016-04-13 19:02
Ҳамоиши байналмилалии гиромидошти 575-солагии мавлуди Алишери Навоӣ, шоир, мутафаккир ва сиёсатмадори турктабори замони Темуриён имрӯз бо ширкати ҷамъе аз шоирон, олимон, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркия, Ҳинд ва Покистон дар кохи Раёсати ҷумҳурии Афғонистон ифтитоҳ шуд. Хабаргузориҳо мегӯянд аввалин рӯзи ҳамоиш дар Арки Раёсати ҷумҳурии Афғонистон зери тадбирҳои шадиди амниятӣ доир шуд. Қарор аст ин ҳамоиш панҷ рӯз идома кунад ва рӯзҳои дигар чорабиниҳои дар шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф доир шавад. Ин ҳамоиш бо мақсади баррасӣ намудани мақоми илмӣ, нақши сиёсӣ ва иҷтимоии ин вазири турки замони Темуриён роҳандозӣ шудааст ва чорабиниҳои аслии он дар зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳирот доир мешаванд. Зимни суханронии худ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣгуфтааст, ки Амир Алишери Навоӣ дар осори мухталифи худ ба тавсеъаҳои ахлоқӣ мепардозад ва ба ҳокимон гӯшзад мекунад, ки дар мавриди раияти худ адолатро муроот ва аз зулму беинсофӣ дурӣ ҷӯянд. Баргузоркунандагони ҳамоиш мегӯянд зарфи чанд моҳи охир даҳо мақола аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Алишери Навоӣ аз дохил ва хориҷи кишвар дарёфт кардаанд ва ҳоло барои чоп омода мекунанд. Илова бар ин 6 номгӯй асари Навоӣ ҳоло омодаи чоп мебошад. Гуфтанист, ки Алишери Навоӣ аз ҷумлаи шоирон ва мутафаккирони турки замони салтанати Темуриён ва шахси мавриди бовариву эътимоди Султон Ҳусайни Бойқаро - подшоҳи темуриҳо дар асрҳои ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ буд. Пажуҳишгарон аз 30 то 90 асарро таълифи Алишери Навоӣ медонанд, ки бо забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод шудаанд. Алишери Навоӣ дар олимӣ ва шоирӣ шогирди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буда, чи дар гузашта ва чӣ ҳоло равобити ин ду фарди маъруфро нишоне аз дӯстии тоҷикон ва узбекон маънидод мекунанд.