Такмили 78 ҳазор китоб аз фонди эҳтиётӣ

Дар ҳақиқат, китобу китобхона дар ҳамаи ҳолатҳо анису мўнис, роҳнамою роҳбалад, ғамбарору ғамгусори инсон аст. Вай барои амалӣ гардидани маъниҳои пурраи ҳаёту фаҳмидану дарки пастию баландии зиндагӣ ва фарқ кардани сафедию сиёҳӣ ёрдамчии беминнат аст.
        Китоб беҳтарин пасандоз ва хазина аст ва беҳтарин ҳамнишину пуштибоне, хуштарин василаи  кушоиши дилҳои ғамгин аст ва дилкаштарин саргармиву кор, некўтарин ҳамдами танҳоӣ ва ҳамсояи некўкору ошнои боинсоф, муаллими донишманду дўсти судманд ва камзиёну бурдбор ва беозор ба шумор меравад. Аз китоб ва қуҷо дидаи бўстоне дар остину боғе дар бағал, гўё аз забони мурдагон ва тарҷумони зиндагон, ҳамдаме ва то нахобидаӣ бедор аст ва аз ҳар маҳрами роз нигаҳдортар ва китоб ҳаминишину рафиқе аст, ки дилгират насозад ва ҳамсўҳбатест донову тавоно.
Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон тағйироту дигар­гуниҳои куллие дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба миён омаданд ва мақоми ҷумҳурия­монро дар низоми навини ҷаҳонӣ то ҳадде муқаррар кардаанд.
Бешубҳа, ин ҳолат ба ҷараёни фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон  таъсири мусбӣ расонд. Мавриди зикр аст, ки дар ғанӣ гардондани хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон мардуми мамлакат, корхонаю муассисаҳо саҳми муносиб гузоштанд.
Бо мадади онҳо зиёда аз 2 миллион нусха китобу нашрияҳо ҷамъ омад ва теъдоди умумии хазинаи Китобхона ба беш аз 5 миллион расид. Ин иқдом бори дигар аз арҷгузории мардуми фарҳангпарварамон ба анъанаҳои дерини китобдорию китобхонӣ шаҳодат дод. Шумораи китоб аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд.
Имрўз  Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  иқдоми некро пеш гирифтааст, ки тавассути шуъбаи такмили адабиёт аз фонди захираи мубодилавӣ-эҳтиётӣ барои ғанӣ гардонидани фонди Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо теъдоди зиёда аз  78 ҳазор китоб итиқол дод.
Боиси ифтихор аст ва хуб мешуд, ки чунин иқдомҳои нек аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёд гардад.

Ҷамил Валиев,
Сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.